Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
монанди мушоҳидакорӣ, фаҳмидагирии фаъолият ва ғ. аҳамият доранд.
Дар ҷараёни ҳаррӯза предмет ва ҳодисаҳои олами берунӣ бо тамоми гуногуншаклиашон ба одам таъсир мебахшанд ва ӯ якбора ҳамаи онҳоро идрок карда, ба онҳо эътибор дода наметавонад. Одам аз шумораи барзиёди таъсирот фақат баъзеи онҳоро пурра аниқ намуда, фаҳмида ҷудо менамояд, ки инро интихобкунандагии идрок меноманд. Фаъол будани протсесси идрок ҳамчун зуҳуроти фаъолияти инъикоскунандаи шахс дар хусусияти интихобкунандагии он кушода мешавад. Интихобкунандагии идрок ба шавқу ҳавас ва талаботҳои шахс вобаста аст. Идроки филм ё намоиш вобаста ба мақсад ва шавқу ҳавасҳои ин ё он шахс гуногун мешавад.
Категорияи дигари психология, ки бо идрок алоқаманд аст, тасаввурот мебошад. Дар психология зери ин мафҳум образҳои идроки гузаштаро мефаҳманд, ки дар шуури мо ба туфайли функсияҳои хотира аз нав ҳосил мешаванд. Тасаввурот, ки ба зинаи аввали протсесси маърифат – муроқибаи зинда таалуқ дорад, аз идрок фарқ мекунад. Тасаввурот, пеш аз ҳама, хусусияти ҷамъбасткунандаро дорад. Аз тарафи мо аксар вақт чунин ҷузъҳое ба тасаввурот ҳамроҳ карда мешаванд, ки дар идрок набуданд ё худ имкон аст, ки қисмҳои пештараи идрок партофта шаванд.
МАФҲУМ ДАР БОРАИ ТАФАККУР, ХАРАКТЕРИСТИКАИ ФАЪОЛИЯТИ ФИКРӢ. ТАФАККУР ВА НУТҚ
Тафаккур ба протсессҳои олии маърифат таалуқ дорад. Одам бо ёрии тафаккур ҳақиқати иҳотакардаро дониста мегирад, то ки онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор