Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
фаъолона, мақсаднок дигаргун созад ва ба мақсадҳои муайяни шахсӣ ё аҳамияти ҷамъиятӣ дошта ноил шавад.
Эҳсос, идрок ва тасаввурот ба одам дар бораи ҷиҳатҳои зоҳирии предмет ва ҳодисаҳои табиат маълумот медиҳанд. Ин шакли инъикоси психикии ҳақиқати объективиро маърифати ҳиссӣ меноманд. Ангезаҳои берунӣ дар дараҷаи маърифати ҳиссӣ ба узвҳои ҳиссӣ таъсир бахшида, дар шуури мо образҳои мувофиқро ба вуҷуд меоваранд. Протсесси тафаккур нисбатан мураккабтар сурат мегирад.
Тафаккур – ин протсесси инъикоси бавосита ва ҷамъбасткунандаи хусусиятҳои предмету ҳодисаҳо, алоқа ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Протсесси тафаккур дар мафҳумҳо амалӣ мегардад ва он ҳамеша аз савол сар мешавад. Протсесси тафаккури бемақсад вуҷуд надорад. Ҳалли масъалаи муайяне, ки дар ҷараёни фаъолияти одам ба амал меояд, натиҷаи тафаккур мебошад. Имконияти ҳалли масъала ба маҷмӯи дониш ва тасаввуротҳои дар хотира буда вобаста аст.
Тафаккур характери проблемавӣ ва ҷамъбасткунандаро дошта, инъикоси бавоситаи ҳодисаҳо мебошад. Инҳо хусусият ва тавсифдиҳандаҳои асосии протсесси тафаккур ба шумор мераванд.
Протсесси тафаккур аз талаби пайдо шудаистодаи ба ин ё он савол ҷавоб додан сар мешавад. Ҷустуҷӯи ҷавоб аз ёфтани роҳи ҳалли масъала ва кофтукови донишҳои барои он зарур иборат аст. Савол ҳар қадар ки аниқтар гузошта шавад, масъала ҳам ҳамон қадар аниқтар мегардад ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли он ҳам мақсадноку дақиқтар мегардад.
Кӯдак, одами ба камол расида, олим бо вохӯрдани чизҳои нав ба он бо тааҷҷуб менигаранд. Тааҷҷуб – ин рефлекси тахминӣ-тадқиқотӣ мебошад. И.П. Павлов инро рефлекси «ин чист?» номидааст. Рефлекси тахминкунӣ шарти минбаъда буда, ба тафаккури одам имконияти амал кардан медиҳад. Инсон тамоми имкониятҳои ақлии худро ба ҳалли масъалаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор