Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Идроки вақт. Идроки вақт протсесси субъективӣ аст. Одам узви махсуси қайдкунандаи давомоти ин ё он ҳодисаро надорад. Аз ин рӯ идроки вақт ба характери гузаштани фаъолият ва ба зуҳуроти муносибати шахс ба ин фаъолият вобаста аст. Масалан, вақти дарси шавқовар тез мегузарад ва баръакс, дарси дилтангкунанда «беохир кашол меёбад».
Идроки вақт дар кӯдакон ва калонсолон вобаста ба характери фаъолият, хусусиятҳои шахсӣ ва таҷрибаи андӯхта фарқ мекунад. Вақт ба назари кӯдакон суст мегузарад ва онҳо бесаброна ҳамон лаҳзаеро интизоранд, ки калонсолон шаванд. Калонсолон, баръакс, дар ҳайратанд, ки вақт тез мегузарад.
Барои ташаккули идроки дурусти вақт дар хонандагон ба ташкили кори таълим ва фароғати онҳо диққати ҷиддӣ додан зарур аст: вақти кӯдакон бояд ҳамон хел бо машғулиятҳои шавқовар ва мувофиқи қувват банд карда шавад, ки дар рафти иҷрои онҳо донишҳо васеъ мегарданд, маҳорату малакаҳо такмил меёбанд.
Инкишофи протсессҳои идрок дар фаъолияти шахс ба амал меояд ва ба мақсаднокии амалҳо вобаста аст. Идроки ихтиёрӣ ва беихтиёрро фарқ мекунанд. Идроки беихтиёр ба хусусиятҳои предметҳои иҳотакарда (равшанӣ, ғайримуқаррарии онҳо ва ғ.) ва мувофиқ будани онҳо ба шавқу ҳавасҳои шахс вобаста аст.
Идроки ихтиёрӣ дар ҷараёни таълим дар мактаб тарбия карда мешавад. Протсесси таълим бо зарурати мушоҳидаи мақсадноки предметҳои олами иҳотакарда алоқаманд аст. Протсессҳои иродавӣ, ки диққати хонандагонро ба предметҳои зарур ва хусусиятҳои онҳо равона мекунанд, дар идроки ихтиёрӣ нақши калон доранд.
Идрок дар протсесси маърифати ҳақиқати иҳотакарда метавонад ба мушоҳида табдил ёбад. Ҳангоми мушоҳида намудан чунин сифатҳо, ба

пешина
аз 223
навбатӣ