Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ба протсесси мутобиқшавии одам ба муҳити иҳотакарда мусоидат мекунад.
Идроки содда (шунавоӣ, биноӣ, ломисавӣ ва ғ.) ва мураккабро фарқ мекунанд. Ба идроки мураккаб таалуқ доранд: масалан, идроки фазо, вақт, ҳаракат, инчунин идроки эҷодиёти бадеӣ, идроки одам аз тарафи одам ва ҳоказо.
Идроки фазо. Фазо ва вақт шаклҳои асосии мавҷудияти материя мебошанд. Муносибатҳои ба таври объективона вуҷуддоштаи фазоию вақтии байни предметҳо ва ҳодисаҳо дар идрокоти мо инъикос меёбанд.
Идроки бузургӣ ва шакли предметҳо ба туфайли таъсири предметҳо ба турпардаи чашм ба амал меояд, ки он ба дараҷаи дуршавии предмет аз узви биноӣ вобаста аст. Ҳар чи қадаре ки предмет дуртар воқеъ бошад, ҳамон қадар бузургии он хурдтар идрок мешавад.
Алоқамандии эҳсосҳои биноӣ, ломисавӣ ва мушакиву ҳаракатӣ дар идроки бузургиву шакли предметҳо аҳамияти калон дорад.
Биниши бинокулярӣ (бо ду чашм идрок намудан) барои идроки андоза ва дурии предметҳо имконият медиҳад. Идроки андоза, чуқурӣ ё дурии предметҳо ҳангоми мувофиқшавии эҳсосҳои биноии дар қисматҳои гуногуни турпарда бавуҷудоянда (ҳангоми дуршавӣ ё мувофиқшавии тасвир бо марказҳои турпардаи ҳар ду чашм) ба амал меояд. Илова бар ин, эҳсосҳои мушакию ҳаракатӣ, ки ҳангоми сустшавӣ ё тарангшавии мушакҳои чашм ба вуҷуд меоянд, барои идроки чуқурӣ аҳамияти калон доранд. Вобаста ба ҳамин наздикшавӣ (конвергенсия) ё ҷудошавии (дивергенция) меҳварҳои чашм ва инчунин васеъшавӣ ё тангшавии гавҳараки чашм (аккомодация) рӯй медиҳад. Эҳсосҳои шунавоӣ ва бӯй ҳангоми идроки фазо роли муайянро мебозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор