Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
бораи ин предмет тасаввуроти ҷамъбастшудае ба вуҷуд меояд, ки он ба дарк кардани ҳар харитаи нави географӣ таъсир мерасонад.
Образи айёни идрок ба предмети муайяне мансуб аст, ки ба таври субъективӣ дар шуури индивидуалии шахсияти конкретӣ инъикос ёфтааст. Пуррагӣ ва аниқии идрок ба таҷрибаи ҷамъиятии инсоният вобаста аст. Тараққиёти шуури индивидуалӣ, аз ҷумла протсесси идрок ба дараҷаи муайян ба азхуд намудани таҷрибаи ҷамъиятӣ вобаста аст, ки он ба туфайли омӯзиш ба даст оварда мешавад.
Таъсири таҷрибаи мавҷударо ба мазмун ва равиши протсесси идрок аперцепция меноманд. Инчунин ба рафти идроки предмет аз тарафи одами конкретӣ хусусиятҳои шахсӣ, майлу хоҳишҳо, шавқу ҳавасҳо ва мақсаднокии иродавии ӯ таъсир мебахшанд. Аз ин рӯ рассом, набототшинос, агроном, гидролог чакалакзор ё саҳроро ҳар хел идрок мекунанд ва диққаташонро ба хусусиятҳои гуногуни он объектҳо равона месозанд. Пас, шавқу ҳавас, аз ҷумла шавқу ҳаваси касбӣ ҳам ба характери идрок таъсир мерасонад.
Идрок якчанд хусусиятҳои худро дорад. Яке аз хусусиятҳои асосии он фаҳмидашавандагӣ ва ҷамъбасткунандагии он ба шумор меравад. Ин хусусиятҳо бо он ҷиҳат муайян карда мешаванд, ки протсесси тараққиёти кӯдак одатан зери роҳбарии калонсолон ба воситаи калимаҳо, нутқ сурат мегирад.
Предметҳои олами берунӣ аз якдигар ҷудо-ҷудо вуҷуд надоранд.
Ҳангоми инъикос намудани ин предметҳо дар шуур алоқа ва қонуниятҳои муайяни байни онҳо низ ошкор карда мешаванд. Аз ин рӯ дар протсесси идрок аллакай ҳар гуна предмет бо дигар предметҳо алоқаи муайян пайдо мекунад. Хусусияти дигари муҳими идрок константият (доимӣ, устуворӣ) мебошад, ки ба туфайлаш предметҳои дар таҷрибаи гузашта вохӯрда шинохта мешаванд. Константияти идрок

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор