Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. қонуни муҳолифати эҳсосот. Масалан, оби соф баъди эҳсоси маззаи талхӣ ширин метобад.
    Идрок
    Предметҳо, ашё, одамон ва дигар ҳодисаҳо новобаста аз шуури мо вуҷуд доранд. Образҳои ин предметҳо дар шуури мо ҳангоми таъсирашон ба узвҳои ҳиссӣ ба вуҷуд меоянд.
    Дар пӯстлоқи майнаи сар ба шакли бутун инъикос ёфтани хусусият ва қисмҳои предмету ҳодисаҳо, ки ба узвҳои ҳиссӣ таъсир мерасонанд, идрок номида мешавад. Идрок характери томро дорад.
    Протсесси идрок дар маҷмӯъ бо дигар протсессҳои психикии шахс зоҳир мешавад: эҳсос, тафаккур, нутқ, ҳиссиёт, ирода ва ғ. Идрок бе протсесси эҳсос ба вуҷуд намеояд, вале идрокро ҷамъи оддии эҳсосот шуморидан хато аст. Мо ҳангоми идрок кардан предметро фаҳмида мегирем, онро номбар мекунем, ҳиссиётҳои муайянеро аз сар мегузаронем, ки муносибатамонро ба предмети даркшаванда ифода менамоянд. Мо одатан протсесси идрокро то дараҷае ихтиёрӣ ташкил медиҳем.
    Протсесси эҳсос ва идрок чун дигар протсессҳои психикӣ байни худ дар таъсири мутақобилаи диалектикӣ мебошанд. Ин алоқа ва таъсири байниҳамдигарӣ ягонагии протсессҳои психикиро дар протсесси томи инъикос ифода мекунад.
    Протсесси идрок бо тасаввурот ва донишҳо, яъне бо таҷрибаи гузаштаи одам зич алоқаманд аст. Ҳангоми идрок таъсири бевоситаи предмет ба узвҳои ҳиссӣ дар хотираи одам ҳамон хел образҳои монандеро ба вуҷуд меоварад, ки аллакай дар таҷрибаи гузашта вохӯрда буданд ва бо ҳамин образҳои идрок ба таҷрибаи гузашта кашида мешаванд, яъне дар хотира нақш мебанданд. Масалан, хонанда дар ҷараёни омӯзиш на як, балки миқдори зиёди харитаҳои географиро идрок мекунад. Дар шуури ӯ дар
пешина
аз 223
навбатӣ