Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хонданманбаъҳои эҳсосоти органикӣ буда, ҳолати организмро инъикос менамоянд. Эҳсосоти органикӣ бо азсаргузаронии эмотсияҳои манфӣ алоқаманданд, чунки онҳо ҳангоми кори мӯътадили узвҳои дарунӣ эҳсос намешаванд. Ба эҳсосҳои органикӣ гуруснагӣ, ташнагӣ, серӣ, беҳузуршавии дил, дардҳои дарунӣ ва ҳоказо таалуқ доранд.
Протсесси эҳсосот қонуниятҳои асосии зеринро дорад:
- таъсири байниҳамдигарии анализаторҳо дар фаъолияти одам.
Масалан, ҳангоми шунидани мусиқӣ на танҳо анализатори шунавоӣ, балки биноӣ, ҳаракатӣ ва ғ. низ амал мекунанд.
Бодиққатии одам ва тезфаҳмии мусиқӣ ба туфайли ин қонуният беҳтар мешавад. - таъсири байниҳамдигарии эҳсосот. Тадқиқотҳои психологӣ исбот намудаанд, ки садоҳои паст фаъолияти аппарати биноиро пурқувват мекунанд.
- «ёрии байниҳамдигарии» анализаторҳо ҳангоми нуқс пайдо намудани яке аз онҳо баръало ошкор мешавад. Масалан, агар одам фаъолияти шунавоиашро гум кунад, он гоҳ фаъолияти биноӣ ва дигар анализаторҳо пуршиддат мегардад. Анализаторҳои боқимонда – солим аниқтар кор карда, фаъолияти анализатори «азкормандаро» гӯё пурра мекунанд.
- мутобиқшавии узвҳои ҳиссӣ ба ангезандаи амалкунанда.
Масалан, ҳангоми таъсири дуру дарози ягон предмет ба пӯст эҳсоси ин предмет оҳиста-оҳиста гум мешавад. Ин ҳодисаро адаптатсия меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор