Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
бо худ) набуда, балки диалог (гуфтугӯи ду ва ё якчанд шахс) бо бемор ва атрофиёни он мебошад.
Роли деонтологӣ ва ахлоқии сухан, инчунин амалиёти касбии духтур дар ҳолатҳои душвору мураккаб, ки дар тибби муосир вомехӯранд, масалан, истифодаи усулҳои нави ташхис ва табобат, ҷарроҳӣ, иваз кардани узвҳо, чораҳои эҳёгарӣ ва ғ. калон аст. Дар ин гуна ҳолатҳо бемор ва наздикони ӯ на танҳо гуфтору кирдори духтур, балки ҳар як ҳаракату ишорати ӯ ва кормандони тибро ба дил наздик мегирад. Онҳо ҳамаи ин чизҳоро ҳамчун чизи бисёр муҳим меҳисобанд. Аз ин рӯ, таҷрибаи касбию ахлоқӣ зарур аст, ки бе он кори духтур маъное надорад. Ҳар як духтур ин донишу таҷрибаро ба таври худ меомӯзад, аммо мақсади ҳамаи онҳо якто аст – манфиатрасонӣ ба мардум ва ҷамъият.
Маълум аст, ки маълумоти аз худи бемор ё наздиконаш гирифташуда (анамнез) барои ташхиси дард роли асосиро мебозад. Ғайр аз ин, анамнез таҳкурсие мебошад, ки дар асоси он муносибати духтуру бемор сохта мешавад.
Ҷамъ кардани маълумот – ин на танҳо гӯш кардани бемор, балки гирифтани маълумоти зарурие мебошад, ки дар он вақт бемор ягон ғаразнокиро ҳис накунад.
Сифатҳои муҳими касби духтурӣ инҳоянд: гӯш карда тавонистани бемор, фаҳмидани азоби ӯ ва ба маҷрои дуруст равон кардани суҳбат, худро идора карда тавонистан, дар додани маслиҳат эҳтиёткор будан ва ғ.
Бояд ҳамеша дар хотира дошт, ки дар назди мо беморе нишастааст, ки рӯҳияи ӯ чанд муддат боз ҷароҳатнок шудааст ва аз ин рӯ як калимаи беҷо, ҳатто як талаффузи тасодуфӣ ё ҳаракат метавонад нақши ислоҳнашаванда боқӣ гузорад.
«Ятрогения» – касалӣ ё хуруҷи касалие мебошад, ки дар вақти аз тарафи кормандони тиб ба рӯҳияи бемор таъсири манфӣ расонидан пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор