Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
– иҷрои вазифаҳои деонтологӣ кори духтурро осон намуда, кӯдаки беморро ба ӯ наздик месозад.
– бояд ба кӯдак ва наздикони ӯ фаҳмонда шавад, ки пеш аз ҳама худи онҳо дар иҷрои супоришҳои духтур шавқманд бошанд.
Ба ихтисоси духтури кӯдакон на танҳо аз рӯи сифати кораш, балки аз рӯи хатоҳояш, аз ҷумла хатоҳои деонтологияш баҳо медиҳанд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи духтури кӯдакон худомӯзии доимӣ буда, ӯ бояд нисбат ба хатоҳояш сахтгир бошад ва барои ислоҳи онҳо кӯшиш намояд.
Дар тибби кӯдакон масъалаи муносибати байниҳамдигарии кӯдак, духтур бо волидони бемор ҷои аввалиндараҷаро ишғол мекунад. Одатан касалии кӯдак боиси изтироби волидон, махсусан модар мешавад. Бемории сахти кӯдак модарро рӯҳан хароб мекунад, аз ин рӯ ӯ аз духтур талаб менамояд, ки ба тифлаш диққати махсус диҳад. Бояд дар хотира дошт, ки агар модар фарзанди ягона дошта бошад ё ин ки ягон фарзанди дигараш пеш фавтида бошад, касалии кӯдак ба ӯ бештар таъсир мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳими деонтологияи тиббӣ дардҳои табибзод (ятрогения) мебошад, ки он имрӯзҳо проблемаи актуалии амалияи тибби кӯдакон ба ҳисоб меравад. Бисёр вақт дар фаъолияти духтури кӯдакон чунин ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки бо айби духтур дар кӯдакони калонсол аксуламалҳои (беҳолшавии) асаб ба амал меоянд. Ягон сухани беҷои духтури кӯдакон бо воситаи хешонаш ба гӯши кӯдак расида таъсири манфӣ мерасонад.
Баъзан модарон аз духтур ягон маслиҳати хаторо мешунаванд ва тифли худро бо ин касалӣ тарсонида, амалиётҳои ӯро маҳдуд мекунанд ва тифлро бовар мекунонанд, ки ӯ ҷисман носолим аст.
Риоя намудани сирри духтурӣ ба ҳамаи беморон, аз ҷумла кӯдакон низ дахл дорад. Кӯдак набояд дар бораи ташхиси дардаш ва оқибатҳои он огоҳ карда шавад. Бояд он чизро низ дар хотира дошт, ки кушодани сирри баъзе касалиҳои кӯдакон (ҳангоми хоб пешоб кардан, онанизм ва ғ.) боварии ӯро ба духтур кам мекунад ва ба он оварда мерасонад, ки кӯдак нисбат ба духтур нафрат ва бадбинӣ пайдо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор