Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

барои беҳбудии бемор баъзан аз наздикон низ сирри беморро пинҳон доштан лозим меояд».
Баъзан беморон боисрор талаб мекунанд, ки ҳақиқатро фаҳманд.
Ба ин ҳеҷ гоҳ розигӣ додан мумкин нест. Бояд пуртоқатона ба бемор фаҳмонда шавад, ки ӯ саратони шуш не, силкасал аст ё ин ки саратони меъда не, балки захми меъда аст.
П.И. Шамарин дар китоби худ «Андешаҳои духтури клиника дар бораи касби духтурӣ» менависад, ки «духтур бояд ба бемор ҳақиқатро гӯяд, ҳарчанд он талх аст, ғайр аз он ҳақиқате, ки аз касалӣ ба ғайри марг дигар умед нест. Ба бемор он ҳақиқатро гуфтан лозим аст, ки безарар бошад ва ба ӯ зарари рӯҳӣ нарасонад».
Бояд ҳамеша беморро умедвор намуд, ки ӯ сиҳат хоҳад ёфт, аммо агар сиҳатшавии ӯ ғайриимкон бошад, ваъдаи дурӯғ додан мумкин нест.
Ҳолатҳое мешаванд, ки духтур маҷбур аст ба бемор дар бораи касалиаш ва пешомадаш хабар диҳад. Ин чиз ҳамон вақт зарур аст, ки бемор ба амалиёти ҷарроҳӣ розигӣ диҳад. Масалан, агар дар ғадудҳои шири зан варам мавҷуд бошад ва онро аз ӯ пинҳон дорем, ин ба ҷиноят баробар аст. Ин варам метавонад ба саратони решанок табдил ёбад ва агар ба зан онро нафаҳмонем, мумкин аст, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ розигӣ надиҳад. Агар бемор ба духтур бовар карда, ба ҷарроҳӣ розӣ шавад, он гоҳ аз оқибати ҷарроҳӣ ӯро хабардор кардан шарт нест. Фақат ҳамон вақт ба бемор фаҳмондан зарур аст, ки касалиаш чӣ оқибат дорад ва ёрӣ расонидан ҳатмист.
Одатан бемор бовар мекунад, ки аҳволаш беҳ мешавад. Вай ба духтур бо умеди сиҳатёбӣ назар мекунад. Ӯро бояд ҳаматарафа дастгирӣ намуд.
Ҳеҷ гоҳ ба бемор, ки аҳволаш вазнин аст, гуфтан мумкин нест, ки ӯ маҳкум шудааст (яъне мефавтад). Ҳатто вақте ки худи бемор онро пай мебарад, духтур бояд ӯро тасаллӣ диҳад.
Агар бемор табобатнашаванда бошаду духтур онро ба ӯ хабар диҳад, ин сангдилии авфнашаванда мебошад.

пешина
аз 223
навбатӣ