Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Баъзан ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки худписандӣ ва беэҳтиётии кормандони тиб аз бесаводии касбии онҳо дарак медиҳад.
Ин қабил кормандони тиб (духтур, дастёри духтур, ҳамшираи шафқат) барои беморон хеле хавфноканд. Чунки онҳо дониши ниҳоят маҳдуд дошта, худписанд мебошанд ва донишу таҷрибаи худро такмил намедиҳанд. Дар байни касоне, ки ҷинояти касбӣ содир мекунанд, бештар шахсоне вомехӯранд, ки дар боло зикр кардем.
Дар тадқиқотҳои деонтологӣ қайд карда мешавад, ки натиҷаи як табобат вобаста ба шароит ҳар хел баҳо дода мешавад. Масалан, агар натиҷаи ҷарроҳии ба нақша гирифташуда, ки онро ҷарроҳи пуртаҷриба гузаронидааст, бо марг анҷом ёбад, онро ҳамчун ҳодисаи нохуш ё хатои духтурӣ баҳо медиҳанд. Ба ҳамин монанд ҷарроҳиеро, ки ҷарроҳи камтаҷриба бо мақсади «ёд гирифтан» гузаронидааст, ҳамчун хунукназарӣ ба касб баҳо додан мумкин аст.
Ҳаёт нишон медиҳад, ки қисми зиёди корҳои ҷиноии духтурон аллакай дар рафти тафтиши пешакӣ қатъ карда мешаванд. Фақат як қисми ночизи онҳо ба мурофиаи суд рафта мерасанд. Нисбатан кам будани ҳуқуқвайронкунии касбӣ аз тарафи кормандони тиб маънои онро надорад, ки масъала муҳим нест.
Барои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин бо мақсади пешгирӣ кардани беасос айбдоркунии кормандони тиб, ҳамаи хатоҳои духтурӣ ва ҷиноӣ бояд дар ҷамъияти духтурон мавриди муҳокима қарор гиранд.
Сирри духтурӣ
Кормандони тиб бояд дар кори амалии ҳаррӯзаи худ сирри касбиро сахт риоя кунанд. Сирри духтурӣ чандин садсола пеш ба вуҷуд омадааст. Дар Ҳинди қадим чунин мақол буд: «Аз бародар, модар, рафиқи худ тарсидан мумкин, аз духтур – не».
Дар қасами машҳури Ҳиппократ ба нигоҳ доштани сирри духтурӣ диққат дода шудааст: «Хоҳ дар вақти табобат бошад, хоҳ не, он чизе, ки аз ҳаёти инсон дидаам ва ё шунидаам ва он чизро фош кардан мамнуъ аст, ман ҳамеша онро ҳамчун сир нигоҳ медорам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор