Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
кӯшиши сабук кардани азоби ҷисмонии бемор, дилбардорӣ кардан, ӯро боварӣ кунонидан такя карда шавад. Ҳамаи ин, албатта, барои ҳар як духтур муҳим ва зарур аст, аммо ин талабҳо дар дараҷаи ҳозираи тараққиёти илми тиб хеле калон буда, фақат бо роҳи даъват ба сифатҳои баланди ахлоқӣ қонеъ намегарданд. Онҳо бояд қисми ҷудонашавандаи рафтори ҳар як духтур бошанд.
Иқтидори деонтологӣ дараҷа ва натиҷаи ниҳоии фаъолияти духтурро муайян мекунад. Барои духтури ҳақиқӣ шудан се чиз зарур аст: дониши духтурӣ, дар амал истифода бурда тавонистани ин дониш ва иқтидори деонтологӣ. Худи иқтидори деонтологӣ аз инҳо таркиб ёфтааст: вазифаи духтурӣ, рафтори духтурӣ, масъулияти духтурӣ ва сирри духтурӣ.
Вазифаи духтурӣ тақозо мекунад, ки ҳар як духтур уҳдадориҳои касбие, ки дар меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии танзими фаъолияти тиббӣ пешниҳод шудаанд, иҷро кунад. Ин чиз дар Қонуни асосӣ, қонунҳо дар бораи нигоҳдории тандурустӣ, дастурамалҳо, низомномаҳо ва қоидаҳо дарҷ ёфтааст. Аммо уҳдадориҳои зиёди кормандони тиб на аз дастурамалу фармонҳо, балки аз хусусияти таърихии фаъолияти духтурӣ бармеоянд, ки инъикоси худро дар қоидаҳои ахлоқии духтурӣ ва деонтологӣ ифода мекунанд. Шахси бемор саломатии худро ва ҳатто ҳаёти худро ба дасти духтур месупорад, ба умеди он, ки духтур барои табобати ӯ аз рӯи виҷдон ва софдилона ҳамаи чораҳоро мебинад. Дар ин лаҳза он қоидаҳо ва меъёрҳои ахлоқии рафтори духтурро инъикос мекунанд. Духтур нисбат ба дигарон бояд соҳиби ҳисси баланди касбии вазифашиносӣ бошад, ки он бояд аз давраи таҳсил дар донишгоҳ оғоз ёбад ва дар ӯ тарбия карда шавад.
Вазифаи духтурӣ тақозо мекунад, ки духтур дар ҳамаи корҳо – таъинот, муолиҷа, қайдҳо, сухан ва ваъдаҳо дақиқ ва покизакор бошад.
Фақат дақиқкор будан барои духтур кам аст, касбаш ӯро ба дақиқии пухтакорона вазифадор мекунад. Агар сухан дар бораи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор