Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

Сипас 5–6 маротиба ибораи зерин такрор мешавад: «Пешонии ман ба таври форам сард мешавад». Агар бемор ҳисси сардиро дар пешонии худ бедор карда тавонад, машқ азхудшуда ҳисоб мешавад.
Вақте ки ҳамаи машқҳо хуб аз худ мешаванд, ибораҳои дарозро ба ибораҳои кӯтоҳ иваз кардан мумкин аст, аз қабили: «оромӣ», «вазнинӣ», «гармӣ», «пешонии сард» ва ғ.
Машқи аутогенӣ ба бемор имконият медиҳад, ки худидоракуниро ёд гирад. Вай барои табобати луқнати забон, бемориҳои маҳрамона, сабуккунии зоиш ва ғайраҳо ба кор бурда мешавад. Ин машқҳоро истифода карда, бемор бо касалӣ фаъолона мубориза мебарад ва ба имкониятҳои худ боварӣ ҳосил мекунад.
ДЕОНТОЛОГИЯИ ТИББӢ
Деонтологияи тиббӣ («деон» – даркорӣ, зарурӣ, муносиб, «логос» – омӯзиш) бо тамоми фанҳои клиникавӣ зич алоқаманд аст. Дар ҳамаи ин фанҳо бо ин ё он восита яке аз масъалаҳои муҳимтарин – масъалаи муносибатҳои байниҳамдигарии духтур бо бемор, рафтори духтур бо бемор ҳал мешавад. Дар ин ҳолат табиист, ки аз як тараф хусусияти бо ҳар кадоми ин фанҳо хосбуда ба миён меояд ва аз тарафи дигар мавқеи дурусти деонтологӣ дар ҳамаи қисмҳои он шакл мегирад.
Истилоҳи «деонтологияи тиббӣ» дар адабиёти тиббӣ ба наздикӣ ба миён омадааст, аммо аломатҳои масъалаҳои он ҳамеша дар маркази диққати духтурони пешқадам будааст. Деонтология на танҳо ҳамчун маҷмӯаи қоидаҳои муайянкунандаи рафтори касбии духтур, балки ҳамчун таълимот дар бораи қарзи ӯ дониста мешавад, ки бо асосҳои фаъолияти духтур, мазмуни кори он, философияи тиб, маънои кори духтур алоқаманд мебошад.

пешина
аз 223
навбатӣ