Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
навъ ифтихор аз он доред, ки ғайрат карда барои табобат ба ин ҷо омадед, вале чӣ миқдор одамон ин корро карда наметавонанд, чӣ миқдор одамон бо сабаби майхӯрӣ барбод рафта истодаанд. Ҳоло якҷоя бо ман фаҳмидани он чиз муҳим аст, ки шумо акнун ҳеҷ вақт машруботи спиртиро ба андоза, кам-кам, бо қаноатмандӣ нӯшида наметавонед, чӣ навъе ки инро дар ҳузури шумо дигарон мекунанд. Бемори майзада гумон мекунад, ки баъди табобат, баъди чанде шаробнахӯрӣ метавонад боз чун ҳама кам-кам шароб нӯшад. Ва мутаассифона, бисёриҳо барои он табобат мекунанд, то ки минбаъд боз кам-кам нӯшанд. Ба ҳамин умед яке сол, дигаре ду сол аз шаробнӯшӣ ҳазар мекунанду халос. Аммо чунин нашудааст, ки бемори майзада (ҳамаи шумо бешубҳа гирифтори он мебошед) ҳатто баъди даҳҳо соли шаробнахӯриаш тавонад ба андоза шароб нӯшад. Бисёр беморон ба ин бовар кардан намехоҳанд ва баъди комилан солим шуданашон боз майли кам-кам нӯшидан мекунанд. Агар аз қадаҳи якум набошад ҳам, вале аз дуюмаш он касалӣ боз аз нав хуруҷ мекунад ва ҳалокатовар шудан мегирад. Майли шаробнӯшии бемор нисбат ба пештара зиёдтар мешавад. Баъзе майзадагон бо истифодаи миқдори начандон зиёди шароб ҳушёрии худашонро нигоҳ доштанӣ мешаванд. Аммо ин як навъ бозии хавфнок ва ба доми бало гирифторкунанда мебошад, ки ҳамеша бо ҳалокат хотима меёбад. Ин механизмҳои бемориро аз нав бедор мекунаду ба май мешӯронад.
Механизмҳои беморӣ оҳиста-оҳиста мустаҳкаму устувор мегарданд ва ба аз нав гирифторшавӣ ба касалии аввала мусоидат мекунанд.
Иллюзияи ба андоза нӯшидани май беморонро чунон фаро мегирад, ки худи онҳо чӣ тавр боз гирифтори майзадагӣ шуданашонро пайхас намебаранд. Ҳамин тавр, дар пеши ҳар яки шумо танҳо ду роҳ аст: ё бемории майзадагиро давом додан лозим аст, ки он ҷисму рӯҳи одамро барбод медиҳад, ноқисулақл карда ба ҷунунҳои майзадагӣ гирифтор мекунад ё оқилона аз рӯи имконият дарду захмҳои майзадагиро табобат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор