Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
аст: «Ёрӣ деҳ! Рав ва он чи дар дилу узвҳои ман ҷой дорад, пеш кун.
Дуоҳо бо ҳамроҳии дору давобахшанд ва дору бо ҳамроҳии дуоҳо давобахш аст».
Аз давраҳои қадим ифодае машҳур буд, ки тиб тавассути се аркон пойдор аст: теғ, гиёҳ ва сухан. Қувваи сухан дар ин ҷо ба қувваи теғи ҷарроҳ баробар карда шудааст. Кӯшиши илман асоснок кардани усулҳои табобат бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ ҳанӯз охири асри XVIII аз тарафи духтури венагӣ Ф.А. Месмер ба миён омада буд. Ӯ чунон мешуморид, ки таъсиррасонии рӯҳӣ ба туфайли моеъи махсус («Флюиди магнитӣ») ба амал меояд, ки он дар тамоми олам паҳн шудааст ва қудрати аз як одам ба одами дигар гузаштанро дорад.
Инкишофи муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ дар Россия бо номҳои клинитсистҳои машҳур С.П. Боткин, Г.Н. Захарин, С.С. Корсаков алоқаманд аст. Онҳо истифодаи таъсиррасонии рӯҳиро дар табобати касалиҳои гуногун аз имкон берун намедонистанд. Саҳми И.П. Павлов дар тараққиёти муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ бебаҳост ва ӯ механизмҳои физиологии хоб, ҳолатҳои гузариш ва гипнозро кушода дод. И.П. Павлов ин ҳодисаҳоро илман асоснок намуда, бо ин пардаро аз болои сирру асрор ва муаммоҳои асрҳо вуҷуддошта бардошт. Таълимоти И.П. Павлов дар бораи системаҳои сигналӣ, оид ба таъсири физиологии калима ва талқин асосҳои илмии ин соҳаи тиб гаштааст.
Саҳми ниҳоят бузург дар тараққиёти муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ тадқиқотҳои илмии психиатрҳо В.Е. Рожнов, А.М. Свядош ва дигарон мебошад.
Муолиҷа бо воситаи таъсиррасонии рӯҳӣ – ин табобат бо ёрии ахбор аст. Натиҷаи табобат дар ин ҷо на ба туфайли хосиятҳои физикӣ ё химиявии ангеза, балки ба фазли он ахбори дар худ ҷойдода ба даст оварда мешавад. Ҳангоми муолиҷа роли муҳимро таъсири эмотсионалӣ ба бемор мебозад, ки он бо ахбори аз духтур, нутқ ва тамоюли шахсияти ӯ бароянда муайян карда мешавад.
Ахбори табобаткунанда метавонад ба як бемор (таъсиррасонии рӯҳии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор