Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ва душвор баҳо медиҳанд. Барои он ки ба хатогӣ роҳ надиҳанд, онҳо дар ҳолатҳои хеле оддӣ ҳам маслиҳат мепурсанд.
Ба беморони дорои ҷунунии истерикӣ (ғашкунанда) рафтори сохтаи зоҳирӣ хос аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳамеша дар маркази диққати умум бошанд ва дар ҳама ҷо нақши асосиро бозанд. Барои ба даст овардани ин мақсад аҳамияти худро бо дигаргун кардани тарҳи рӯ, ҳаракатҳо ва либоспӯшӣ зоҳир мекунанд. Ин гуна шахсон улфатӣ буда, бо одамон зуд ошноӣ пайдо мекунанд.
Беморони ҷунунии ғашкунанда дошта дар муомила бо одамон инҷиқ, хушомадгӯ, дар дилёбӣ усто буда, ҳамсуҳбати худро метавонанд аз будаш зиёд таърифу тавсиф кунанд. Барои ба даст овардани чунин мақсад онҳо ба ҳар кор қодиранд ва ахлоқу одобро риоя намекунанд. Вобаста ба вазъият онҳо метавонанд хушомадгӯӣ кунанд, худро паст зананд, ҳилаву найранг ба кор баранд ва гапдаро шаванд. Дар муносибат бо шахсоне, ки тобеашон мебошанд, баъзан якравӣ, дилсардӣ, сангдилию бераҳмӣ ва ҳукмронталабӣ зоҳир мекунанд. Шавқу ҳавас ва дилбастагии ин гуна беморон доимӣ нест.
Онҳо худпараст буда, дар бораи шахсияти худашон ақидаи баланд доранд.
Аз ин рӯ, шавқу ҳавас ва дилбастагии онҳо вобаста ба он аст, ки то кадом андоза ба талабашон ҷавоб мегиранд. Шахсиятҳои хусусияти ғашкунӣ дошта ба саъю кӯшишҳои дуру дароз қодир нестанд.
Муҳокимарониҳои онҳо рӯякӣ мебошанд. Ҳангоми ҳалли масъалаҳои мухталиф, ҳатто хурдтарин ва ночиз, махсусан вақте ки касе аз онҳо маслиҳат мепурсад, ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта, бо овози махсус ҷавобҳои пучу бемаза медиҳанд.
Ба беморони мазкур дурӯғгӯӣ ва хаёлпарастӣ хос аст. Онҳо ҳамеша ба худ баҳои баланд медиҳанд. Дар ҳамаи ҳолатҳо онҳо ҳукмфармо буда, фармоиши онҳо бе чуну чаро иҷро мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо ин гуна шахсон то дараҷае ба хаёлбофии худ дода мешаванд, ки худашон ба он бовар мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор