Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ӯ тағйироти назаррас ба вуҷуд наомадааст. Ҳангоми ба дармонгоҳи амрози рӯҳӣ омадан аз дарди сар, бехобӣ, кайфияти ночор шикоят мекард.
Ҳангоми тадқиқоти ҳаматарафа (асаб, қаъри чашм, мағзи сар, ҳароммағз) ягон аломати касалии органикии мағзи сар ёфт нашуд. Ҳангоми муоина сустҳаракат, ботамкин буда, хуб фикр карда ба пурсиш ҷавоб медод, то ки бо ёрии ибораҳои гуфтааш ҳолати худро хубтару фаҳмотар баён кунад. Вақте ки аз сардард шикоят мекард, ҳамаи ҳиссиётҳои ҷузъии дардро тафсил менамуд.
Бо эҳтиром, хушодоб буда, маслиҳатҳои духтурро бодиққат гӯш мекард, дар бораи саломатии худ ғамхорӣ зоҳир намуда, оид ба табобат пурсишҳо мекард. Худаш қайд мекард, ки чун пештарӣ ҳоло ҳам соҳиби хотираи хуб мебошад. Мувофиқи гуфти кормандони шуъба як қадар хурдагир, майдакор ва боэҳтиёт аст. Рафтораш хеле оддӣ, табиӣ ва хушмуомила буд.
Ҷунунии беҳолӣ – ин гуна одамон тарсончак, аз ҳад зиёд шармгин, буздил мешаванд. Онҳо зудранҷ буда, ҳассосу таъсирпазир мебошанд.
Зудранҷии онҳо ба дараҷае мешавад, ки ҳатто шӯхиҳои ҳамкоронро, ки тамоман беозор мебошанд, ба дил мегиранд. Ба онҳо ҳиссиёти номукаммалии шахсӣ хос аст. Ин гуна шахсон ба муҳити нав дер одат мекунанд ва дар байни шахсони бегона худро нохинҷор ҳис мекунанд (сурху сафед мешаванд, ё ба куҷо мондани дасти худро намедонанд).
Шахсони ҷунунии беҳолӣ дошта мушкилотҳои зиндагиро сахт аз сар мегузаронанд ва ҳатто мушкилотҳои назарногир метавонанд онҳоро аз пой афтонанд. Талаботҳои оддии ҳаёт ҳам барои онҳо дастнорас буда, зуд хаставу бемадор мешаванд. Дар ҷараёни кор зуд монда ва хотирапарешон мегарданд ва қобилияти кории худро гум мекунанд.
Шахсони ҷунунии беҳолӣ дошта танҳоиро дӯст медоранд ва аз ҷамъият худро дур мекашанд, манфиатҳои худро ҳимоя карда наметавонанд. Аммо онҳо дар шароитҳои оилавӣ метавонанд бераҳм

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор