Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Майнаи миёна аз чор теппа ва поякҳои майна иборат аст ва вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: а) тақсимоти баробари тонуси мушакҳоро таъмин мекунад; б) рефлексҳои статикиро ба вуҷуд меоварад, ки туфайлашон ҳолати мувозинат ва мӯътадилии бадан нигоҳ дошта мешавад; в) рефлексҳои тахминкунии рӯшноӣ, овоз ва дигар ангезандаҳоро идора мекунад.
Майнаи мобайнӣ аз теппачаҳои ба ном биноӣ, танаи рангаш тира ва зертеппача иборат аст. Дар ин ҷо ҷамъшавии ҳаяҷонҳои марказшитоб аз ҳамаи ретсепторҳо ва алоқадории онҳо бо қисмҳои гуногуни пӯстлоқи майнаи сар ба вуҷуд меояд.
Дар танаи тираи он марказҳои ҳаракатӣ ҷамъ омадаанд, ки ба воситаи онҳо ҳаракатҳои гуногун идора карда мешаванд. Зертеппача органи олии системаи асаби вегетативӣ мебошад ва ба воситаи он фаъолияти узвҳои дохилӣ идора карда мешавад. Системаи асаби вегетативӣ марказҳои худро дар майнаи дарозрӯя, ҳароммағз, мобайнӣ ва миёна ҳам дорад ва фаъолияти онро низ пӯстлоқи майнаи сар идора мекунад.
Сохти аз ҳама мураккабро пӯстлоқи майнаи сар дорад, ки вазифаҳои мураккабтарини таҳлил ва таркиби ҳаяҷонҳои воридшударо иҷро мекунад ва тамоми фаъолияти организмро идора менамояд. Вай аз 15-16 миллиард ҳуҷайраҳои асаби дар ҳафт қабат ҷойгиршуда ва моддае, ки бо ёрии он нейронҳо нигоҳ дошта мешавад ва дар мубодилаи моддаҳои ҳуҷайраҳои асаби майна иштирок мекунад (глия ном дорад), иборат аст.
Қабатҳои ҳуҷайраҳои пӯстлоқ аз нейронҳое иборатанд, ки аз рӯи шакл (ҳуҷайраҳои пирамидамонанд, ситорашакл, сершакла ва ғ.) ва вазифа фарқ мекунанд.
Пӯстлохи нимкураҳои калони майнаи сар узви олии фаъолияти олии асаби одам мебошад ва ба ҷоришавии протсессҳои гуногуни психикӣ алоқаманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор