Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

марказгурез ё ҳаракаткунанда иборат аст ва ба қисмати марказии системаи асаб, ки ба таркиби он ҳароммағз ва майнаи сар дохил мешаванд, тақсим мегардад.
Ҳароммағз дар ковокии сутунмӯҳра ҷойгир шудааст ва он ба 31-33 сегменти аз худ торҳои асаб ҷудокунанда тақсим мешавад. Аз тарафи системаи марказии асаб иҷрои вазифаҳои мураккабтарини организм идора карда мешавад. Ҳароммағз инчунин барои гузаронидани ҳаяҷон ба минтақаҳои болоии майнаи сар хизмат мекунад.
Якҷояшавии ҳуҷайраҳои асаб дар ҳароммағз моддаи сафед ва хокистаррангро ташкил медиҳад. Моддаи сафедро торҳои дароз – аксонҳо ва хокистаррангро торҳои кӯтоҳ – дендритҳо ҳосил мекунанд.
Майнаи сари одам сохт ва таркиби мураккаб дорад. Чунин қисмҳои майнаи сарро ҷудо кардан мумкин аст: майнача, майнаи дарозрӯя, ақиб, миёна, мобайнӣ ва нимкураҳои калон, ки аз нуқтаи назари филогенетикӣ дертар ташаккул ёфта, дорои пӯстлоқ мебошанд.
Ҳамаи қисмҳои майнаи сар байни худ ва бо ҳароммағз алоқаи зич доранд ва дар як система аз рӯи вазифаҳояшон муттаҳид гаштаанд. Онҳо аз нуқтаи назари филогенетикӣ тадриҷан бо мураккабгардии функсияҳои организм ва системаи асаби марказӣ ба вуҷуд омадаанд.
Майнача вазифаи асосиро иҷро мекунад ва он аз ба тартиб даровардани ҳаракатҳо ва нигоҳ доштани тонуси мушакҳо иборат аст.
Майнаи дарозрӯя ва кӯпруки варолиевӣ ба он пайваст буда, марказҳои ҳаракати нафаскашӣ, хоидан ва фурӯбариро дар бар мегиранд ва инчунин фаъолияти дилу рагҳои хунро идора мекунанд. Дар ҳамин ҷо марказҳое низ мавҷуданд, ки ба танзими мубодилаи моддаҳо ва ба вуҷуд омадани як қатор амали ғайришартии рефлекторӣ, монанди атса задан, мижа задан, ашкрезӣ таъсир мебахшанд.

пешина
аз 223
навбатӣ