Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан- барангезандагӣ, ки ба туфайли он таъсиротҳои берунӣ (механикӣ, электрикӣ, химикӣ ва ғайра) ҳуҷайраро ба ҳолати ҳаяҷон меоварад.
- гузаронандагӣ, ки ба воситаи он ҳаяҷон ё боздорӣ аз як ҳуҷайра ба дигараш гузаронида мешавад.
- ҳаяҷон, яъне ҳолати фаъоли нейрон ё гурӯҳи нейронҳо, ки бо протсессҳои мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра алоқаманд аст.
- боздорӣ – ҳолати ғайрифаъоли ҳуҷайраи асаб, ки ба ҳаяҷон муқобил аст.
Ҳуҷайраҳои асаб ё нейронҳо ду шакли торҳои асабро ташкил медиҳанд: - асабҳои афферентӣ ё худ ҳискунанда, ки нӯгҳои онҳо дар узвҳои ҳиссӣ ё атрофи онҳо (ретсепторҳо) асбоби ба ҳаяҷон табдил додани ангезандаҳо ва ба минтақаҳои системаи марказии асаб гузаронидани онҳоро ташкил медиҳанд, ки дар он ҷо таҳлили амиқи ангезанда ва интихоби амали ҷавобӣ сурат мегирад.
- асабҳои эфферентӣ ё худ ҳаракатӣ, ки алоқаи системаи олии асабро бо узвҳои иҷрокунанда (мушакҳо, ғадудҳо) ташкил медиҳанд.
Ба ғайр аз он, ҳуҷайраҳои асабии системаи асаби марказӣ вазифаҳои муайянкунанда ва гузаронандагиро адо мекунанд, ки ба воситаи онҳо ҳаяҷон аз ҳуҷайраҳои афферентӣ ба эфферентӣ гузаронида мешавад. И.П. Павлов дар системаи асаб анализаторҳоро ҷудо намуд, ки онҳо аз ретсепторҳо (қабулкунандаи ангезанда), роҳи гузаронанда ва минтақаи марказии системаи асаб иборатанд, ки дар он таҳлили ахбори воридшаванда ба вуҷуд меояд.
Умуман, ҳамаи системаи асаб аз рӯи сохти худ ба қисмати периферӣ, ки аз асабҳои марказшитоб ё ҳискунанда ва асабҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор