Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ҳамин тариқ, вазифаи асосии психология ҳамчун илм омӯзиши қонуниятҳои ҷоришавӣ ва ташаккули протсессҳои психикӣ ва хусусиятҳои психологии дар фаъолияти шахс зоҳиршаванда мебошад.
Ин масъаларо асосан психологияи умумӣ ҳал мекунад, ки он психикаро ҳамчун хосияти майнаи одами солими баркамол меомӯзад.
Психологияи умумӣ, хусусан барои тараққиёти гносеология – назарияи маърифат, соҳаи фалсафа, ки қонунҳои назарияи маърифатро меомӯзад, аҳамияти калони назариявиро пайдо мекунад.
Аммо мақсади ниҳоии психология ҳамчун илм дар амалия татбиқ намудани донишҳои ба дастовардашуда аст. Психология дар мубориза бар зидди равияҳои идеалистӣ ёрии амалӣ мерасонад, ба коркарди усулҳои маъқули таълиму тарбия, такмили соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва фаъолияти одам, аз ҷумла тиб мусоидат мекунад. Табиб бояд дар бораи протсессу ҳолатҳои психикӣ ва хусусиятҳои шахс фаҳмиши умумӣ дошта бошад.
ФАЪОЛИЯТИ ОЛИИ АСАБ ВА ПСИХИКА
Алоқаи организм бо олами берунӣ ба туфайли системаи асаб, ки сохти мураккаб дорад, ба вуҷуд меояд. Қисмати асосии функсионалию морфологии системаи асабро нейрон – ҳуҷайраи асаби шохчадор ташкил медиҳад. Ҳар як ҳуҷайраи асаб тана, як шохчаи дароз (аксон) ва шохчаҳои сершумори кӯтоҳ (дендритҳо) дорад, ки бо ёрии онҳо алоқаи нейрон бо дигар нейронҳою бофтаҳои бадан ба вуҷуд меояд. Ҷои пайвасташавии нейронҳоро синапс меноманд.
Ҳуҷайраҳои асаб хосиятҳои зеринро соҳибанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор