Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар пӯстлоқи майнаи сар чор ҳиссаи ҷуфтро ҷудо мекунанд: ҳиссаи пеш (пешона), поёни (чакка), миёна (фарқи сар) ва пушти сар. Онҳо вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд, зеро аз рӯи вазифаҳо дар қисматҳои гуногуни пӯстлоқ ҳуҷайраю марказҳои гуногун ҷамъ омадаанд.
Масоҳати умумии пӯстлоқи нимкураҳои калони майнаи сари одами калонсолро 0,22 м² ташкил медиҳад, ки аз онҳо 1/3 ба сатҳи болои рост меояд ва 2/3 дар даруни ҷӯякҳо ниҳон гаштааст. Ҷӯякҳо ва чинҳои асосии он инҳоянд: чини марказӣ, зери пешона, болои пешона, пеш аз марказӣ, баъд аз марказӣ, зери фарқи сар, зери чакка, болои чакка, миёнаи чакка. Дар ҳиссаҳои гуногуни чинҳои миёна марказҳои гуногун низ ҷойгиранд. Масалан, маркази ҳаракатии нутқ (маркази Брок) дар чини болоии чаккаи миёна воқеъ гаштааст ва ғ.
Пӯстлохи майнаи сар аз рӯи сохт ва иҷрои вазифаҳо дар қисмҳои гуногуни нейронҳо ба минтақаҳо – майдонҳои сершумор ҷудо мешавад.
Масалан, олим Бродман 52 майдон ва Фогт зиёда аз 200 майдонро фарқ мекунанд.
Фаъолияти пӯстлоқи нимкураҳои калон бо зери қишри магзи сар алоқаи ҷудонашавандаро дорад. Зери қишр ҳуҷайраҳои гуногуни калони асаб, ки вазифаҳои муҳимтарини организмро назорат мекунанд, ва моддаи сафед – шохчаҳои дарози нейронҳоро дар бар мегирад.
Рефлекс ҳамчун амали ҷавобии организм ба таъсироти муҳит мафҳуми асосиест, ки бо он фаъолияти олии асаби организм алоқаманд аст.
Ҳанӯз И.М. Сеченов меҳисобид, ки рефлексҳо на аз рӯи камони рефлекторӣ, балки аз рӯи ҳалқаи рефлекторӣ ба вуҷуд меоянд. Ин мафҳум алоқаи баръакси организмро бо муҳит инъикос мекунад.
Ҳалқаи рефлекторӣ аз чунин қисмҳо иборат аст:

пешина
аз 223
навбатӣ