Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Дар байни омилҳое, ки муносибати одамро ба касалӣ муқаррар мекунанд, хусусиятҳои характери шахсро махсус қайд кардан зарур аст, чунки вобаста ба хусусиятҳои характерологии шахс навъҳои гуногуни муносибат ба касалӣ ташаккул меёбанд.
Характери ба шахс хосбуда маҷмӯи хислатҳои муҳими психикие мебошад, ки гуногунии рафтору муносибатро ба атрофиён ва саломатию касалии худ муайян мекунад. Характер аз таъсироти тағйирёбандаи муҳит вобаста аст ва одамро ба ҳақиқати гирду атроф мутобиқ мегардонад.
Вақте мегӯем, ки ин одам зудранҷ, ҳассос, пурҳаяҷон ё нобовар, раҳмидил ё бераҳм, нозук ё бепарво ва ғайра аст, мо феълан сифатҳои алоҳидаи характери ӯро қайд мекунем. Характер дар давоми тамоми зиндагии одам ташаккул ёфта, дар навбати худ ба ташаккули умумии шахсият таъсири зиёд мерасонад. Вобаста ба характер зиддиятҳои ботинии одам бартараф карда, амалҳои ӯ муқаррар мешаванд.
Пеш аз он ки муносибатҳои мухталифи патологии шахсро ба касалӣ баён кунем, бояд гуногуннавъии хусусияти патологии характерро равшан намоем.
Хусусияти патологии характер ба таври равшан дар шахсони ҷунундор зоҳир мегардад. Ҷунунӣ характери патологиеро дар худ таҷассум мекунад, ки он дар зери таъсири омилҳои гуногуни модарзод ё пайдошудаи номусоид ташаккул ёфтааст.
Якчанд намудҳои фарқкунандаи ҷунунӣ мавҷуданд. Барои шахсони мутаассиршаванда қобилияти тези ангезиш ва ҷанҷол хос аст.
Онҳо аз ҳар як чизи беаҳамият, танбеҳи хурдтарин ҳам ба хашму ғазаб меоянд. Дар ин ҳолат онҳо баланд дод зада, ба шахсони «озордиҳанда» таҳдид мекунанд ва қодир ҳастанд, ки ба муқобили онҳо амалҳои таҷовузкорона содир кунанд. Агар онҳоро нигоҳ доштан ё маҳкам кардан хоҳанд, дарро так-так зада, шикастанӣ мешаванд. Дар лаҳзаи ҳаяҷон онҳо қодиранд ба худ зарар расонанд: сари худро ба фарш зада, либосашонро медаронанд ва ғ. Дар ин

пешина
аз 223
навбатӣ