Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

барқароркунанда бешубҳа таъсири бузург мебахшанд. Ин на танҳо аз хусусиятҳои индивидуалии шахсияти бемор, балки аз хусусиятҳои таъсироти имконпазири бомақсад ва бемақсад, рӯҳбахш ва маъюскунандаи духтур низ вобаста аст. Зарурати омӯзиши масъалаҳои психологияи тиббӣ дар алоқамандӣ бо проблемаҳои гуногуне, ки илмҳои тиб пеш мегузоранд, пайдо мешавад. Омӯзиши психикаи бемор дар шароитҳои гуногун (амбулаторӣ, статсионарӣ, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо, дорухона ва ғ.) вазифаи психологияи тиббӣ мебошад.
Предмети психологияи тиббӣ омӯзиши таъсири хусусиятҳои психикаи бемор ба саломатӣ ва касалӣ, инчунин истифодаи онҳо барои амалӣ гардонидани маҷмӯи донишҳои психологӣ бо мақсади бомуваффақият аз нав барқарор намудани саломатӣ ва муҳофизати он мебошад. Объекти психологияи тиббиро омӯзиши шахсияти бемор, корманди тиб, муносибати байниҳамдигарии бемор ва корманди тиб ташкил медиҳад.
Психологияи тиббӣ ҳамчун соҳаи психология барои амалияи тиб аҳамияти муҳимро доро аст. Дар алоқамандӣ бо ин, мақсади асосии таълими психологияи тиббӣ дар духтурони оянда тарбия намудани сифатҳои ахлоқӣ, одоб ва маънавӣ, омӯзиши принсипҳои деонтологӣ ва асосҳои пешгирикунии бемориҳои рӯҳӣ мебошад.
Психологияи тиббиро ба умумӣ ва хусусӣ ҷудо мекунанд. Мақсади асосии психологияи тиббии умумӣ баёни масъалаҳое мебошад, ки ба хусусиятҳои индивидуалии аксуламали шахс ба касалӣ, вазифаи духтурӣ, одоби духтурӣ ва сирри духтурӣ (деонтологияи тиббӣ), беҳдошт (гигиена)-и рӯҳӣ, пешгирӣ (профилактика)-и рӯҳӣ ва таъсиррасонии рӯҳӣ (психотерапия) тааллуқ доранд. Асоси психологияи тиббиро деонтологияи тиббӣ ва масъалаҳои ба он монанд – беҳдошти рӯҳӣ, пешгирикунии рӯҳӣ ва таъсиррасонии рӯҳӣ ташкил медиҳад.
Психологияи тиббии хусусӣ бошад ҳамин масъалаҳоро мувофиқи

пешина
аз 223
навбатӣ