Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

нав барқарор карда мешавад. Ин сюжетҳо вобаста ба шароитҳои конкретии ҳаёт, воридшавии кӯдак ба доираҳои васеи ҳаёт, вобаста ба вусъатёбии доираи назари ӯ дигаргун мешавад.
Мазмуни бозиро аз нав барқарор намудани лаҳзаҳои муҳими фаъолият ва муносибат бо калонсолон дар ҳаёти меҳнатию ҷамъиятӣ ташкил медиҳад. Дар мазмуни бозӣ воридшавии кӯдак ба фаъолияти калонсолон боз ҳам равшантар ифода меёбад. Мазмуни бозӣ метавонад дар худ фақат тарафи зоҳирии фаъолияти одамро, яъне ӯ бо чӣ фаъолият мебарад, инъикос намояд, ё худ муносибатҳои ӯро ба одамони дигар ифода кунад.
Характери муносибатҳои одамон, ки дар бозӣ амалӣ мегарданд, ниҳоят гуногун мешавад. Ин ҳам метавонад муносибати ҳамкорӣ, ёрии ҳамдигарӣ, тақсимоти меҳнат, ғамхорӣ ва эътибор намудан ба якдигар бошад ва метавонад муносибати ҳукмфармоёна, ситамгарона, бадбинона, дағал ва ғайра шавад. Ҳамаи ин ба шароитҳои конкретии иҷтимоии ҳаёти кӯдак вобаста аст. Аз ин рӯ, бозӣ сюжетҳои худро аз шароитҳои ҳаётии кӯдак гирифта, аз рӯи мазмуни дохилиаш табиати иҷтимоиро дорад ва бинобар ин ҳодисаи биологӣ шуда наметавонад.
Бозӣ инъикоскунандаи ҳаёти реалӣ аст. Кӯдак ҳангоми бозӣ бо предметҳо амал мекунад, ки ба ҳаёти воқеӣ тааллуқ доранд. Қонеъ гаштани талаботҳои кӯдак дар бозӣ ба он вобаста аст, ки бояд амали ӯ на характери хаёлӣ, балки реалиро дошта бошад. Масалан, агар кӯдак ҳангоми бозӣ дар муносибатҳои реалӣ бо рафиқони худ бошад, он гоҳ ин муносибатҳо талаботҳои муайян, ба монанди талабот ба муошират бо рафиқонро қонеъ менамояд. Агар кӯдак ҳангоми бозӣ дар шакли хаёлӣ амал кунад, он гоҳ талаботҳои ӯ қонеъ намегарданд.
Бозӣ яке аз роҳҳои асосии ташаккули шаклҳои махсуси қобилиятҳои одам ба шумор меравад. Бозӣ на бо гузашта, балки бо оянда равона шудааст ва он фаъолиятест, ки инқилобро дар муносибати кӯдак ба олам ба вуҷуд меорад. Вай дар тараққиёти шахсияти кӯдак,

пешина
аз 223
навбатӣ