Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ташаккули дараҷаи баланду нави тафаккур роли муайянро мебозад.
Ҳангоми истифодаи амалҳои махсус дар рафти бозӣ чизҳои ба кӯдак номаълум равшан мешаванд. Бозӣ – ин ифодаи фикри нави ҳоло мустаҳкам нашуда аст, ки амал карданро бо предметҳо талаб мекунад.
Л.С. Виготский бозиро ҳамчун намуди асосии фаъолияти давраи томактабӣ дониста, фарзияеро оид ба моҳияти психологии бозиҳои ролӣ пешниҳод намудааст, ки мазмуни асосии он чунин аст:
- Бозӣ ҳамон вақте ба вуҷуд меояд, ки саъю кӯшиш ва хоҳишҳои иҷронашавандаи кӯдак пайдо мешаванд. Моҳияти бозиро на иҷрои хоҳишҳои алоҳида, балки аффектҳои ҷамъбасткардашудае низ ташкил медиҳанд, ки онҳо аз тарафи кӯдак метавонанд фаҳмида нашаванд. Мазмуни асосии онро системаи муносибатҳо бо калонсолон дар бар мегирад.
- Хусусияти марказӣ ва характернок барои фаъолияти бозӣ ба вуҷуд овардани чунин вазъияти «сохта» мебошад, ки он қабул кардани роли калонсолон ва амалӣ гаштани онро дар ҳолатҳои офаридаи худи кӯдак ифода мекунад. Барои вазъияти «сохта» кӯчонидани маъно ва амали ҷамъбастшуда аз як предмет ба дигараш характернок аст, ки дар он кӯдак одатан роли калонсолонро қабул мекунад. Ин дар асоси ҷудошавии майдони дидашаванда ва маъногии кӯдак, ки дар синну соли томактабӣ зоҳир мегардад, ба вуҷуд омада метавонад.
- Ҳар гуна бозӣ бо вазъияти «сохта» дар айни замон бозӣ бо маҷмӯи қоидаҳо аст ва ҳар гуна бозӣ бо қоидаҳо бошад, бозӣ бо вазъияти «сохта» аст. Қоида дар бозӣ – ин қоида барои худи кӯдак, барои худмуайянкунии дохилии ӯ мебошад.
- Кӯдак ҳангоми бозӣ кардан ба амалҳои реалӣ такя намуда,, маъноҳои аз ашё дуршударо истифода мебарад. Ҳамаи протсессҳои дохилӣ дар рафти бозӣ дар шакли амали берунӣ дода шудаанд.
- Бозӣ муттассил чунин вазъиятҳоеро ба вуҷуд меоварад, ки онҳо аз кӯдак амали ҷиддӣ ва муқобилати бештар намуданро талаб мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор