Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

шуданро дорад, ки ин дар ҷаҳду кӯшиши ӯ ба мустақилӣ, дар муқобилгузории хоҳишҳои худ ба майлу хоҳишҳои калонсолон ифода меёбад. Аз ин рӯ, кӯдакон нисбат ба калонсолон якравӣ ва негативизм зоҳир мекунанд, на танҳо ба муқобили ғамхории аз ҳад зиёд бар мехезанд, балки аксар вақт бахусус он чизеро мекунанд, ки манъ аст.
Ҳамин тавр, буҳрони давраи сесолагӣ буҳрони якум дар ҳаёти шахс мебошад, ки бо шиори «ман худам» мегузарад. Буҳрони давраи сесолагӣ ҳодисаи гузаранда буда, бо ба вуҷуд омадани хусусиятҳои навташкил дар кӯдак – худро аз атрофиён ҷудо кардан, муқоиса намудани худ бо одамони дигар, муоширати ӯ бо ҳамсолон алоқаманд аст.
ТАРАҚҚИЁТИ ПСИХИКА ДАР СИННУ СОЛИ ТОМАКТАБӢ. БОЗӢ ҲАМЧУН ФАЪОЛИЯТИ ПЕШБАРАНДА ДАР ДАВРАИ ТОМАКТАБӢ. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ФАЪОЛИЯТ
Аҳамияти бозиро дар тараққиёти психикии кӯдак ба ҳисоб гирифта, ин намуди фаъолиятро муфассалтар дида мебароем.
Бозии кӯдакона – ин фаъолияте мебошад, ки дар рафти он муносибатҳои иҷтимоии байни одамон аз нав ҳосил мешаванд. Бозӣ яке аз шаклҳои таҷрибаи ҷамъиятӣ буда, дар он ҳодисаҳои ҳаётӣ инъикос мегардад. Аммо аз нав ба вуҷуд овардани ҳар гуна ҳодисаи ҳаётӣ бозӣ нест. Бозӣ чунин фаъолияти одам аст, ки дар он моҳияти иҷтимоӣ, инсонӣ, яъне вазифа ва қоидаҳои муносибати байни одамон таҷассум ёфтааст. Бозиҳои ролӣ яке аз шаклҳои асосии ҳаёти кӯдаки ҳозира ба шумор меравад. Кӯдакон ҳар қадаре, ки аз фаъолияти якҷоя бо калонсолон дур шудан гиранд, ҳамон қадар аҳамияти шаклҳои бозиҳои ролӣ дар тараққиёти психикӣ боз ҳам баланд шудан мегирад.
Бояд сюжет ва мазмуни бозӣ фарқ карда шавад. Сюжет – ин ҳамон соҳаи ҳақиқат, яъне шароитҳои конкретии ҳаёт аст, ки дар рафти бозӣ аз

пешина
аз 223
навбатӣ