Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳиссиётҳои дар айни ҳол мавҷуда амал мекунад. Ӯро ба чизе ҷалб намудан ва аз чизе ба ҷои дигар низ ҷалб кардан осон аст. Масалан, кӯдак гиря мекунад, чунки аз гум шудани бозича хафа шудааст, вале ӯро хурсанд кардан чандон душвор нест ва кифоя аст, ки бозичаи дигар дода шавад. Барқароршавии алоқаи ҳиссиёту хоҳишҳо бо тасаввуротҳо рафтори кӯдакро боз ҳам мақсаднок ва аз вазъияти конкретӣ кам вобаста мегардонад: идоракунии нутқии рафтор инкишоф меёбад.
Соҳаи эмотсионалии шахсияти кӯдак низ инкишоф меёбад, вай метавонад ба ҳиссиётҳои одамони дигар ҳамдардӣ кунад; дар ӯ таъриф ва таҳсини калонсолон ҳисси ифтихорро ба вуҷуд меорад, ҳисси шарму ҳаё ташаккул меёбад. Дар кӯдаки ин давра ҳанӯз ҳам назорати рафтори худ, ба тартиб даровардани шуурона ва идоранамоии рафтор хеле маҳдуд аст.
Тараққиёти иҷтимоии кӯдак бо азхудкунии қонуну қоидаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии одамон ва якҷоя амал кардани кӯдак бо предметҳо дар олами ашё тавсиф мешавад. «Олами одамон» ва олами ашё ду нишонаи асосии тараққиёти психикии кӯдак ба шумор мераванд, вале дар охири соли сеюми ҳаёт нишонаи сеюм – «Ман худам» ба вуҷуд меояд. Фардияти кӯдак бо номаш алоқаманд мешавад. Ном миллатро инъикос намуда, ҳамчун меъёри ҳимояи иҷтимоӣ баромад мекунад ва гӯё кӯдак барвақт бо номи худ як шуда, худро берун аз он тасаввур намекунад; ном асоси шахсияти ташаккулёбанда шуда мемонад.
Кӯдак дар давраи ибтидоии бачагӣ худро ҳамчун одами алоҳидаю ҷудогона дарк мекунад. Ӯ худро дар охири сесолагӣ чун манбаи майлу хоҳиш ва амалҳои гуногун медонад. Дар ин давра фаъолияти худхизматрасонӣ инкишоф ёфта, кӯдак мефаҳмад, ки амалро ӯ, на калонсолон ва на шахси дигар иҷро менамояд. «Ман медавам», «лӯхтакро ба ман деҳ», «маро бардор» мегӯяд, ки ин чунин маъно дорад: «Ман алоҳида вуҷуд дорам, ман худ манам». Кӯдак дар ин давра хоҳиши тез калон

пешина
аз 223
навбатӣ