Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
сабз, кабуд, бунафш, сафед, сиёҳ) аз худ намояд. Одатан шунавоии фонетикӣ зуд инкишоф меёбад, вале тараққиёти шунавоии садоҳои баланд суст ба амал меояд, ҳарчанд кӯдаки сесола аллакай садои «борик» ва «ғафс»-и ҳайвонот, овози пасту баландро фарқ мекунад.
Зуҳуроти аввалини тафаккур дар давраи ибтидои бачагӣ бо истифодаи алоқаи байни предметҳо барои ба ягон мақсад ноил шудан тавсиф дода мешавад: масалан, кашолакунон наздик овардани курсӣ ба тарафи предмете, ки гирифтани он зарур аст. Кӯдак на танҳо алоқаеро, ки калонсолон нишон додаанд, истифода мебарад, балки худаш низ онҳоро ошкор менамояд ва барои ҳалли масъалаҳои худ, ки бештар бо фаъолияти предметӣ ва бозӣ алоқаманд аст, истифода мебарад.
Тафаккури кӯдаки ин давра ҳамчун тафаккури амалӣ-предметӣ тавсиф карда мешавад, вале дар ҳудуди синну соли ибтидоии бачагӣ ташаккули намуди тафаккури аёнӣ-образӣ низ ба амал меояд. Амали фикрии ҷамъбаст, ки бо калима мустаҳкам карда мешавад, ташаккул меёбад, функсияи аломатии шуур ба вуҷуд омадан мегирад.
Заминаҳои ташаккули шахс дар давраи ибтидои бачагӣ на танҳо бо азхудкунии амалҳои гуногун ва ташаккули протсессу сифатҳои психикӣ, балки бо азхудкунии шаклҳои рафтору муносибатҳои махсуси одам дар ҷамъият бо азхуднамоии сифатҳои дохилии иҷтимоии ба инсон, фард ва шахс хос низ алоқаманданд. Маромҳои рафтори кӯдакон ҳанӯз фаҳмида нашудаанд ва ӯ аҳамияти онҳоро дар ҳаёту фаъолият дарк намекунад. Олами ботинии кӯдак фақат тадриҷан муайян ва устувор мегардад. Вале кӯдак дар ин давра ва дигар давраҳои тараққиёт на танҳо ба ҳаёт ва зиндагӣ кардан тайёрӣ мебинад, ӯ бо ҳаёти ба назари худаш бойи ботинии худ зиндагӣ мекунад.
Хусусияти фарқкунандаи рафтори кӯдаки ин давраи синнусолӣ импулснокӣ мебошад, яъне ӯ беихтиёр зери таъсири хоҳиш ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор