Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
намекунанд? Илова ба ин маълум аст, ки солҳои охир тасаввуротҳои ба таври анъанавӣ вуҷуддошта дар бораи имкониятҳои синнусолии кӯдакон аз нав дида баромада мешаванд. Аз ҷумла, тавсифи хусусиятҳои синнусолии мактаббачаи хурдсол аз оне, ки 10–15 сол пеш дода шуда буд, фарқи ҷиддӣ мекунад. Ҳамин ки характери таълим дар синфҳои поён тағйир ёфт, маълум гардид, ки мактаббачаи хурдсол ба дараҷаи боз ҳам баландтари тафаккури абстрактӣ қодир аст. Аз нав дида баромадани нишондиҳандаи синнусолӣ, инчунин бо ҳодисаи ба ном акселератсия (лот. «инкишофи босуръат») алоқаманд мебошанд, ки солҳои охир дар тараққиёти босуръат афзуншавандаи ҷисмонӣ ва психикии кӯдакон ва мактаббачаҳо мушоҳида мешавад. Онҳо нисбат ба чанд даҳсолаҳои пешина тезтар инкишоф меёбанд ва ба дараҷаи нисбатан баланди тараққиёти психикӣ ва ақлӣ ноил мешаванд. Ҳам сабабҳои биологии ин ҳодисаро (таъсири миқдори хурди шуоъдиҳии ионизатсиякунанда ва мавҷҳои радио, дар хоҷагии қишлоқ ва тиб истифода бурдани моддаҳои фаъоли биологӣ, ки боиси тараққиёти он мешаванд, баланд бардоштани вазни хоси моддаҳои сафеда дар хӯроки одам) ва ҳам иҷтимоии онро (болоравии босуръати сатҳи ҳаёт, ки қувваи ҳаётиро низ баланд мебардорад, ҷараёни ниҳоят зиёди ахбор, ки ба кӯдак, наврасон ва дигарон бо воситаи интернет, оинаи нилгун, радио, кинотеатр, театр, рӯзномаҳо расонида мешавад) қайд кардан зарур аст.
Ҳамаи ин, чӣ навъе ки баъзе муҳаққиқон меҳисобанд, тавсифоти хусусиятҳои синнусолиро чунон ноустувор ва серҳаракат мекунанд, ки худи мафҳуми хусусиятҳои синнусолиро ба зери шубҳа мегузоранд. Албатта, бо чунин фикр розӣ шудан мумкин нест.
Хусусиятҳои синнусолӣ ҳамчун хусусиятҳои аз ҳама бештар хос, типӣ ва умумии синну сол вуҷуд доранд, ки ҷараёни умумии тараққиётро нишон медиҳанд. Бешубҳа, синну сол категорияи мутлақ ва тағйирнопазир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор