Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

намудҳои нави фаъолияти кӯдак ва ниҳоят, баъзе хусусиятҳои пухта расидани организми ӯ муайян мекунанд. Ба ҳамин тариқ, синну сол на он қадар категорияи биологӣ аст, чӣ қадаре, ки категорияи иҷтимоӣ мебошад.
Вобаста ба ҳамин дар психологияи синну сол мафҳуми намуди пешбарандаи фаъолият мавҷуд аст. Дар ҳар як синну сол ҳамаи намудҳои асосии фаъолият – бозӣ, омӯзиш ва меҳнат то ин ё он дараҷа ҷой доранд.
Вале дар давраҳои гуногуни тараққиёт роли ин намудҳои фаъолият ҳар хел аст ва онҳо мазмуни конкретӣ доранд. Ҳамон намуди фаъолият пешбаранда номида мешавад, ки дар давраи синну соли муайян тағйиротҳои асосӣ ва муҳими психикии кӯдак, протсессҳои психикӣ ва сифатҳои психикии шахс маҳз ба он вобастаанд. Гарчанде бачаҳои синни томактабӣ бо шаклҳои дастраси фаъолияти таълимӣ ва меҳнатӣ машғул шаванд ҳам, бозӣ фаъолияти пешбарандаи тараққиёти психикии онҳо мебошад. Дар синни мактабӣ омӯзиш фаъолияти пешбаранда мешаваду бозӣ чунин аҳамияти худро гум мекунад. Дар баробари калон шудани синну сол аҳамияти фаъолияти меҳнатӣ меафзояд, худи фаъолияти таълимӣ ҳам моҳиятан тағйир меёбад. Дар давоми даҳ соли таълим дар мактаб, характер ва мазмуни он дигар мешавад, талабот нисбат ба талаба сол аз сол меафзояд, ҷиҳати фаъолӣ, мустақилӣ ва эҷодии фаъолияти таълимии ӯ низ сол ба сол инкишоф ёфтан мегирад.
Дар доираи ҳар як синну сол фарқҳои калони индивидуалӣ мушоҳида карда мешаванд. Онҳо натиҷаи омилҳои зерин мегарданд:
якум, вариантҳои индивидуалии шароити ҳаёт, фаъолият ва тарбия; дуюм, фарқиятҳои индивидуалии табиӣ (аз ҷумла, фарқият дар хосиятҳои физиологии асаб). Шароитҳои ҳаёт, фаъолият ва тарбия хеле гуногуншакланд, гуногуншаклии хусусиятҳои индивидуалии шахс ҳам беинтиҳост. Вобаста ба ҳамин саволе ба миён меояд: оё дар бораи хусусиятҳои синнусолӣ асоси сухан гуфтан дорем, оё онҳоро фарқҳои индивидуалӣ пинҳон

пешина
аз 223
навбатӣ