Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

намебошад. Мафҳуми синну сол, ҳудудҳои синну солӣ ва хусусиятҳои синну солӣ на моҳияти мутлақ, балки нисбиро соҳибанд.
Мавқеъ ва мазмуни асосии психологияи синну солро ташаккул ва зуҳуроти шахсияти кӯдак дар фаъолият, бахусус дар фаъолияти пешбаранда ташкил медиҳанд.
Одатан одам дар бораи табиат, дар бораи одами дигар, дар бораи худ тасаввуроти муайяне дорад ва фаъолият низ мувофиқан ба ҳамин се объект равона шудааст. Ин дар навбати худ тараққиёти кӯдакро ҳам дар филогенез ва ҳам онтогенез ҳамчун тараққиёти се тараф ё худ се қисмати фаъолият ифода мекунад, ки дар онҳо аз як тараф шахс ташаккул меёбад ва аз тарафи дигар зоҳир мешавад: 1) фаъолияти предметие, ки ба табиат, ба олами ашё равона шудааст; 2) муоширате, ки ба одами дигар равона гардидааст; 3) фаъолияте, ки ба худи шахс ҳамчун ба объект – ба худбаҳодиҳӣ, хештангароӣ ва худтакмилдиҳӣ равона мешавад. Дар давраҳои гуногуни синнусолӣ гоҳ фаъолияти якум, гоҳ дигараш ва гоҳ сеюм намуди пешбаранда мешаванд, ки аз ҳама бештар ба протсесси ташаккули шахс таъсир мебахшанд. Масалан, муошират ҳамчун фаъолияти субъект ба объект бар хилофи муошират ҳамчун фаъолияти субъект ба субъект, ки воридшавии шахсияти инкишофёбандаро ба системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ тавсиф медиҳанду ба туфайли он маърифати шахс дигар ҳамчун субъект ба вуҷуд меояд, дар давраҳои буҳронии синну сол намуди пешбаранда ба ҳисоб меравад. Кӯдак дар ҳолати якум ба одами дигар таъсир расонида, аз рӯи амалҳои ҷавобии ӯ худ ва имкониятҳои худро ҳамчун одаме, ки ба одами дигар, ба табиат ва ба худаш низ таъсири фаъол мебахшад, дониста мегирад. Бо ҳамин мароми протсесси муошират дар давраи сесолагӣ ва наврасӣ шарҳ дода мешавад, яъне кӯдак бо амалҳои худ на кӯшиши ҷустани ягон мададе аз калонсолон мекунад, балки ӯ худро ҳамчун сарчашмаи фаъол, ҳамчун субъекти муошират собит кардан

пешина
аз 223
навбатӣ