Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
тараққиётро аз паси худ мебарад ва мунтазири он намешавад, ки кай сохти махсуси майна ташаккул меёбаду тафаккури мантиқиро таъмин менамояд. Таълим он вақт ба ташаккули маҳорати ба таври мантиқӣ фикр кардан сар мекунад, ки агар заминаҳои зарурии тараққиёти ақлӣ вуҷуд дошта бошанд. Бояд қайд кард, ки таълим боиси тараққиёт гардида, дар айни ҳол ба он такя мекунад, хусусиятҳои дараҷаи аллакай ба даст овардашудаи тараққиётро ба эътибор мегирад ва ҳеҷ вақт қонунҳои дохилии тараққиётро рад намекунад ва рад карда ҳам наметавонад. Имкониятҳои таълим ҳарчанд васеъ бошанд ҳам, вале беҳудуд нестанд. Аз ин рӯ аз ҳад зиёд баланд бардоштани роли таълим дар рафти тараққиёт чандон дуруст нест, яъне чунин ҳисобидан хатост, ки психикаи одам ва тараққиёти ақлии ӯ маҳз натиҷаи бевоситаи таълим ва азхудкунӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, мо омилҳо ва шартҳои тараққиёти психикаро муайян намудем. Акнун савол ба миён меояд, ки манбаи бевоситаи тағйирёбиҳои психика чӣ мебошад? Ба ибораи дигар, қувваи бевоситаи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти психикиро чӣ ташкил медиҳад?
Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи тараққиёти психикии кӯдак, мактаббача мураккабу гуногунанд. Дар асоси фаҳмиши диалектикӣ-материалистии моҳияти тараққиёт ҳамчун муборизаи зиддиятҳои дохилӣ ба хулоса меоем, ки қувваҳои бевосита ҳаракатдиҳандаи тараққиёти психикии кӯдак, мактаббача зиддиятҳои диалектикии байни наву кӯҳна мебошанд, ки дар рафти таълиму тарбия ба вуҷуд меоянд ва бартараф карда мешаванд. Ба чунин зиддиятҳо, масалан, зиддиятҳои байни талаботи нав ва имкониятҳои қонеъ гардонидани онҳо, байни имкониятҳои ҷисмонӣ ва рӯҳии афзудаи бача ва шаклҳои кӯҳнаву ташаккулёфтаи муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва намудҳои фаъолият, байни талабҳои афзудаистодаи ҷамъият, коллектив, калонсолон ва дараҷаи ҳозираи тараққиёти психикӣ тааллуқ доранд. Ин гуна зиддиятҳои ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор