Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ҳамаи синну сол характерноканд, вале вобаста ба синну соле, ки дар он зоҳир мешаванд, ба хусусиятҳои хос соҳиб мегарданд. Масалан, дар мактаббачаи хурдсол зиддият байни ба фаъолияти иродавии мустақилона омода будан ва вобастагии рафтори ӯ аз вазъияти ҳозира ё худ таассуроти бевосита мавҷуд аст. Дар наврас аз як тараф зиддияти байни худбаҳодиҳӣ ва дараҷаи идеали ӯ ва аз тарафи дигар байни эҳсоси муносибате, ки атрофиён ба ӯ зоҳир кардаанд ва эҳсоси мавқеи реалии худи ӯ дар коллектив, инчунин зиддияти байни талаботи дар кори калонсолон ба сифати аъзои комилҳуқуқ иштирок кардан ва ба ин мувофиқ набудани имкониятҳояш бошиддат мегузарад.
Чунин зиддиятҳо ба воситаи ташаккул додани дараҷаҳои баландтарини фаъолияти психикӣ ҳал карда мешаванд. Дар натиҷа кӯдак, мактаббача ба дараҷаи баландтари тараққиёти психикӣ мегузарад. Агар талабот қонеъ гардад, он гоҳ зиддият бардошта мешавад. Як зиддият ба зиддияти дигар иваз мешавад ва тараққиёт давом мекунад.
Тараққиёт мувофиқи фаҳмиши диалектикӣ фақат рафти тағйирёбиҳои ҳолиси миқдорӣ, зиёдшавӣ ё камшавии ягон зуҳурот, хосият ва сифатҳои психикӣ намебошад. Тараққиёти психикиро пурра ба он оварда расонидан мумкин нест, ки баробари калон шудани синну сол диққат меафзояд, протсессҳои психикӣ бештар характери ихтиёрӣ мегиранд, хотираи маъноӣ тараққӣ мекунад ва ғайра ва ё фантазия ва рафтори ғайриихтиёрии бача кам мешавад. Тараққиёти психикӣ бо он алоқаманд аст, ки дар давраҳои муайяни синнусолӣ дар психика хусусиятҳои ба ном навташкили сифатан нав пайдо мешаванд (масалан, ҳисси калонсолӣ дар наврасон ё худ талабот ба худмуайянкунии фаъолияти ҳаётию меҳнатӣ дар навҷавонон).
Психологҳо қонунҳои умумии тараққиёти психикаро қайд мекунанд ва номунтазам будани тараққиёти психикӣ дар навбати аввал

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор