Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

ё асосҳои фалсафаи материализми диалектикӣ пухта нарасидааст, гарчанде ӯро педагогу методистҳои гениалӣ таълим дода бошанд ҳам.
Аз ин рӯ, вақте ки сухан аз тараққиёти ақлии шахс меравад, бояд чунин ҳисобид, ки ин протсесс дар ягонагӣ бо инкишофи биологии майнаи сар ба амал меояд.
Оид ба ин масъала психолог В. Штерн чунин ақида дошт:
«Таълим аз паси тараққиёт меравад ва ба он мутобиқ мешавад».
Психологи машҳур Л.С. Виготский бар хилофи он бори аввал роли пешбарандаи таълим ва тарбияро дар тараққиёти психикии кӯдак равшан нишон дод: таълим пеш-пеши тараққиёт меравад ва онро аз паси худ мебарад. Мувофиқи нуқтаи назари якум таълим танҳо он чизеро, ки тараққиёт медиҳад, истифода мебарад. Аз ин рӯ, ба протсесси тараққиёти ақлӣ набояд дахолат кард, халал расонд, балки босаброна ва пассивона мунтазир шуд, то замоне ки имкониятҳои таълим пухта расанд. Психологи машҳури швейтсарӣ Ж. Пиаже низ дар ҳамин ақида буда, чунин меҳисобид, ки тараққиёти ақлии кӯдак ва мактаббача мувофиқи қонуниятҳои дохилии худаш ба вуҷуд меояд ва якчанд зинаи сифатан гуногуни генетикиро аз сар мегузаронад. Таълим танҳо қадре протсесси ин тараққиётро метезонад ё суст мекунад, вале ба таври қатъӣ ба он таъсири муайянкунанда намерасонад. Пас, таълим бояд ба қонунҳои тараққиёт итоат кунад. Масалан, то вақте ки дар кӯдак тафаккури мантиқӣ ва оперативӣ тараққӣ накунад, ба ӯ маҳорати ба таври мантиқӣ муҳокима карданро омӯзондан маъно надорад.
Психологияи ҳозира алоқаи диалектикии протсесси таълим ва тараққиётро ба асос гирифта, роли пешбарандаи таълимро таъкид мекунад. Ҳар ду протсесс бо ҳам зич алоқаманданд. Тараққиёт ва таълим ду протсесси параллел ва ҷудогона намебошанд. Тараққиёти ҳақиқии ақлӣ бе таълим ба вуҷуд намеояд. Таълим ҳавасманд мекунад,

пешина
аз 223
навбатӣ