Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Хонаи дўст он тараф истад, хонаи душманро сўхтан хуб нест...
— Мо душман шудем-дия ту-ба...
— Ман шуморо дар назар надорам. Коми моро бо панди Рўдакӣ бардоштаанд ва мо аз ин рўҳия ва мактаб берун буда наметавонем. Барои ҳамин мегўям.
— Мо ҳам он қадар даҳани амма не, мефаҳмем. Рўдакиро ҳам медонем: «дасти фитодая гирӣ, мард ту!» гуфтааст. Лекин габ дар ин не. Габ ҳамин-ҷа монад. Сабаби ба ин-ҷа сарсон шудани моя медонӣ. Аз болот ариза, шикоят... Ёзуфчиҳо нависондагӣ.
— Шумо барлосҳо барин гап назада, тоҷикӣ карда гўед. – ба сўҳбат ҳамроҳ шуд Гадобой.
— Ман тоҷикӣ набошам, чӣ кор кунам. Нависондагӣ... Мола шумурдан лозим.
— Ана ҳамин қадар гап будаст. Каш-каш карда мешинед? Олболуқул ҳам ҳамроҳи шумо...
— О шумо шикор омадагӣ гуптед-ку, Гадобой?
— Ҳамин ҳам шикор. Як гург мекушад, чанд рўбоҳ мехўрад.
Хулосаи калом ҳамин ки молро ин тарафу он тараф сар-сар гузаронида, эму дурушашро дидаву дониста, саршумор карданд.
Мол якуним баробар зиёд омад аз он ки дар рўйи хати дафтари Хоҷагии ёрирасон буд. Дар чунин ҳол Абдуҳамид орому хомўш меистод. Диққат медоду мушоҳида дошт, аммо вонамуд мекард, ки хеле бепарвост, айни замон дилпур аст. Ҳамин қадар гуфт:
— Дурушдораш моли Хоҷагӣ...
— Бебиркааш чӣ?
Абдуҳамид мушкили ўро осон кард:
— Бедурушаш моли чўпонҳо, моли хешон ва баъзе ёрў дўстон...
— Хўрокаш аз ҳисоби Хоҷагӣ?
— Не. То аз чарогоҳ рафтан аз ҳисоби замини ўзбекҳо, ки ҳаққи заминашонро мегиранд. Баъди ба работи Хоҷагӣ рафтан молашонро ҷудо карда медиҳем.
— Ҳар сол?
— Ҳар сол.
— Лекин ошно, дар кассаи магазинчӣ як сўм зиёд барояд, ревизор даъво мекунад, ки ин пул аз куҷост? Ту харидори советиро обшод кардӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё