Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ва баъдтар, ки дар натиҷаи тафтиш ва қозибозӣ (баъзан) мўй аз хамир ҷудо мешуд, ин қабил сарзадаҳо номи ташкилотҳои аз аршу Худованд қаламу сухан гирифтаро ҳам бадном гардониданд ва миёни мардум тамасхуромез ва бокиноя «нависанда» шуданд, ки бархе аз эшон чӣ маънӣ доштани номи худро намедонистанд; зеро номашонро дуруст ва беғалат навишта наметавонистанд. Хеле корҳо шуд дар ин миён, ки монанд ба тўҳматбозиҳои солҳои сиву ҳафт буд.) Ва ҳоло, ки ҷаноби Нозим Тайиб (ва шояд Олболуқул ҳам) аз пайи чунин корҳо саргардон шуда ба ин роҳи дур марҳамат кардаанд, чӣ кор карданро намедонанд. Зеро дар номаҳои нодонӣ ва кўркўрона навишта «Хўрд...Намонд» навиштаанд, баръакс моли Хоҷагӣ зиёд шудааст.
Ронанда «Боржоми» овард. Нозим Тайиб бо ангуштарии тиллоии дар ангушти миёна андохтааш сарпўши даҳони шишаро бо як маҳорату устойӣ кушод, ки он оҳанак аз даҳони шиша парида аз пасаш як ғубор баромад ва ў шишаро ба даҳон гузошта, сарболо кард ва кўдаки гурусна барин ба чочакмакӣ даромад.
Ва шишаро аз даҳон гирифта, дошта истод. Вале ба касе муроот накарда, дар даст медошт, ки аз гармии оташи афрўхтааш сўхта, ҳалқаш хушк гашта, боз хўрданист.
— Оташбозӣ шуд-а?
Кори кардаашро як навъ бозӣ медонист. Оби газдорро даркашид. Магар ҳушашро овард, ва ё бофтаҳои ба ҳам печидаи асабашро кушод, ки ба сухан даромад.
— Айби мудир. Кучукаша саришта мекард, ин қисса намешуд.
Ин як дасисаи дигар буд, то Абдуҳамид ҳарфи ўро посух гўяд ва шўрида ба сари ў тозад, чизе қабеҳ гўяд ё дашном диҳад; дастак зада ба шоҳидон рў оварда гўяд: «Шумо Худо барин ҳозиру нозир, ман сагҳоро ба ҳамин одам ангехтам? Ва сагони мол бо дасти адаб гўгирд зада ҳамин даштро оташ гиронданд?» Бояд ў маҳз ба ҳамин оҳанг сухан мекард ва аз атрофиён барои худро ҳимоя кардан мадад меҷуст ва аз сухани онҳо (равшан нест, ки чӣ мегуфтанд) Нозим Тайиб рамуз гирифта, санадашро ба ҳамон мувофиқ мекард, ки фардо шоҳидони рўйдод, дар назди қозиюлқуззот аз гапашон нагарданд. Аммо Абдуҳамид лом нагуфт.
Лек дар андарунаш ҳарфҳои мегуфтагӣ дошт. Чунин хислати мудир дилу ҷигари намояндаро такорў мекард, ки «душман» (аз андешаи ў) дастак намедиҳад, то вай формулировкаи (таъбири ў) санадашро пайдо кунад.
Дигарон ҳам ба даҳон об гирифта буданд. Ҳарчанд, ки ҳама медонистанд чун рух додани ин ҳодисаро. (Рўзгори мо ба ҳамин тариқату чунин роҳ таҳия шудааст. Рў ба рўят мекушанд, лом намегўйӣ, то ин рўз ба сари ту ҳам наояд. Пас чун каломуши аз гурба гурехта дар сўрохиву торикиҳо ҷой гашта, хомаву давот меҷўйӣ, ки ин ҳодисаро бояд навишт; беадолатӣ шуд, номардӣ шуд, нокасӣ шуд, мақтул гуноҳе надошт, он нокас аз куҷое пайдо шуду як корд заду кушт.) Нўшдоруе, ки пас аз марг ба Сўҳроб диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё