Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо падар бо таҳлука даст гардонду ба оташ ишора кард, ки рамаро ба ҳоли худ гузошта, ба хомўш кардани оташ биёянд.
Шубонҳо якрост сари қўш омада шолу чакманро бардошта, сўйи оташ тохтанд, ки сагҳо нохушиеро дарёфта, баробарашон медавиданд. Аз поён саманди дар пояш завлона зада сайҳа кашид ва дарозгўш ҳанг зад. Ҷонварон тез ҳис мекунанд нохуширо. Аммо Нозим Тайиб ин чизро хушӣ мепиндорад. Миҷааш хам намехўрад, ки аз тарси ҷон буд ё баҳона, чунин носомониро ба миён овард ва бо чӣ анҷомад ин рухдод.
Оташ дар лаби обканд хасҳоеро месўзонд, ки онҳо камонак гашта ё ғўла шуда меафтиданд ба замин ва хокистар гашта замин сиёҳ мекарданд, бо суръате, ки авҷ дошт оташ. Дами оташ гашта дар ҳамин хамӣ шасташ низ гашта буд ва ҳарчанд зўр мезад, ба хамии холӣ аз алаф панҷа зада наметавонист ва чун шўридаи умраш фанопазируфта сарпечак мегашт. Аммо ҳар ҳунаре ва нерўе, ки дошт ба соҳилаки ин ҷўйбори хушк, ки гоҳи борону барф обро медид, пасрўю болорў давида салтанат ва тохту тозашро идома диҳад ва ин олами пур аз боду оташу хасро тоза кунад.
Хушбахтона, шубонҳо чунин ҳолати ҷонкании оташро дарёфта, номардӣ шавад ҳам, ин аждари оташнафасро андар ҳамин тангӣ гулўгир карда ба сараш кўфтанд. Ин ҳол гоҳи ниммурда гаштани ин бодпойи сўзанда ба амал омад ва агар онро ба ҳоли худ мегузоштанд, нимҷон ҳаракат карда, аз бод ҷону нерў гирифта, аз нав гетиро ба коми оташ меовард. Аҳриман шод мегашт аз чунин рухдод, Нозим Тайиб ҳам.
Нозим Тайиб аллакай барои хеш ва барои ба марказ бурдани дасиса ва нуктаҳои ба назараш даркорӣ, чизакҳое, норасоиҳои тўҳматмонанд андешида буд, аммо намедонист навиштаҳои мустаории дўстони дилсўз ва душманони тўҳматгарро чӣ рақам мувофиқ гардонад. (Партия ва давлати Шўро чандон камиву костӣ ва камбудии давлатдорӣ надошта бошад ҳам, як чизи номатлубро ба миён овард, ки аз он дўсту душман истифода мекард, на ба манфиати партия ва ё ҳукумат, балки ба манфиати шахсии хеш ва бештар барои ситонидани қасду қасос ва хонавайрон кардани баддидагон. Ин бало ананимка – беимзо навиштани номаҳои шикоятӣ буд. Зеро партия ба кадрҳои худ бовар дошт ва ҳеҷ гумон намекард, ки онҳо аз раъю роҳашон гашта ва ба чашм хок заданро омўхта, аз таги ин ташкилоти бонуфузу дар олам ном бароварда об монанд ва оқибат дар арсаи байналмилал камзўру беобрўй гардонанд. Партия то ин чизҳоро дарёфту чора андешид, ки дер шуда буд. Одамони пуркору пурдида ва як чизро мефаҳмидагӣ ин чизро яке аз норасойӣ ва нуқси замони худ пай бурда буданд. Зеро аз ҳар се кас ду нафараш сарзада буда, аз бекорӣ ва нотавонӣ, аз бухлу кина ва бадбиниву бадхоҳӣ худ аз худ узви ин ташкилоти «Беимзо» гашта буд, ки маълум набуд онҳо чӣ дилу ният доранд.

пешина
аз 378
навбатӣ