Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо тарафдори ин кас-дия, а? – ба Абдуҳамид ишора карда неш зад Нозим Тайиб.
— Не. Ман тарафдори ҳақиқат.
— Ҳақиқата шумо аз кӣ талаб мекунед?
— Аз ҳар кас: аз худам, аз ин кас, аз шумо...
— Не, шумо аз ман ҳақиқата талаб карда наметавонед...
— Инро ман медонам, – сухани ўро бурид Гадобой. – Шумо, ба назари худатон поктарин кас.
— Ба назари шумо ин хел не?
— Ба назари ман одаме, ки ба худаш баҳои болобаланд медиҳад, вайро одам гуфтан ҳайф аст.
— Шумо ин ҷа, аз қафои ман ҷанҷолкунӣ омадед?
— Не, мо ҳамроҳи Олболуқул шикор омадем. Оҳушикор.
— Ҳааа... Бўмаса, ба корҳои мо дахолат накунед.
— Дахолат не, маслиҳат... Ман мебинам, ки шумо дунёро чаппа карданӣ...
— Ва мекунам ҳам...
Вале оташ аланга гирифта, боди гашти пешин чун дами кўраи оҳангарӣ оташро доман зада сўзандатар мекард. Ба ҳеҷ илоҷ хомўш кардани он имкон надошт. То ҷое сўзаду худаш монда гашта, хомўш шавад. Нозим Тайиб як навъ шодмонӣ ҳам дошт, ки бо ин баҳона гуноҳи мудир гаронтар мегардад. Бурд бурди ў мешавад. Боқӣ чӣ гуфтанро надониста ба оташ менигарист, ки пой бароварда ва ё ҳамболи бод гашта, заминро мехўрад ва ё аждари афсонавиро монад, ки бо дами оташинаш ҳамаро сўзонад ва ё чу гови гуруснаи кадом афсонаи давраи кўдакиаш рўйи заминро лесад.
— Худатона шикор гуфта гаранг накунед. Милтиқатон бошад, ягон серка-мӣ, қўчқори мола парронеду гирифта рафтан гиред.
— Худаш ҳам ҳамин хел мешудагӣ барин. – Гадобой тасдиқ кард ҳарфи кинояомези ўро. Вале чӣ балое буд, ки Олболуқул чизе намегуфт. Ё гузаштаҳои нохубаш ба ёд меомад ва ё ягон нақшаи сахт дошт, ки то иҷро шуданаш мағзи сар об кардан лозим меомад.
Абдуҳамид аз сўҳбати эшон худро канор гирифтанӣ шуда баландтар рафт, ки бод оташро ба ҳамон сў меронд. Ва замин сиёҳ гашта як нақши нохуше боқӣ мегузошт. Забона дуртар мерафт ва фарохтар мешуд. Ў пештар рафта, паси теппаро дид, ки ҷару ҷўе дорад ё на. Обканде вуҷуд дошт, ки оташ аз он ҳам забона зада гузарад, фурў нишонданаш ба Худо маълум буд.
Ва дергоҳ ў ба сўйи мол нигарист, ки чўпонҳо намоён бошанд, ишора кунад, биёянд, то шолу чакман карда оташро хомўш гардонанд. Зеро буд-набуд, ҳама савобу ҷавоб ба гардани онҳо бор мешавад... Оқибат онҳо диданд ишораи падарро. Пиндорашон, ки вақти шумори мол расида бошад, молро пеш андохта, наздиктар омаданд.

пешина
аз 378
навбатӣ