Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агар ҳамин хел намекардам, қасам ба номи партияи ғамхор, ки он кучукҳо маро хом-хом мехўрданд... Қиин. Мурдаро монда тутхўрӣ.»
— Аз мошин «Боржоми» биёр! – арақи сару гарданашро бо кафи даст тоза карда, гўё мурдаи ҳиндӣ барин дар оташ месўхта бошад, об фармуд ў. Лекин хаёл ҳам надошт, ки оташро бояд хомўш кард.
— Мебахшед, раис, шумо ҳоло бо собуни ин ўзбекҳо ҷомашўйӣ накардаед, – оқибат кафид Абдуҳамид. Аммо Нозим Тайиб намонд, ки мақсадашро баён кунад:
— Ўзбекҳо одамони нағз. Ман онҳоро бисёр ҳурмат мекунам.
Бовар кунед. Агар нағз намешуданд, ба моли шумо аз лайлоқашон ҷой медоданд?
— Фикри ман дигар, раис. Бори саввум аст, ки шумо замини онҳоро оташ мезанед. Ин бор худатон кушед. Набошад, соли дигар онҳо ба мо ҷой намедиҳанд.
— Баҳ-баҳ. Бузро ғами ҷону қассобро ғами чарбу. Аз партияи ҷоноҷон миннатдор бишав, то гуноҳота бахшад, то соли дигар ҳам ба ин ҷо биёйӣ. Вале ман медонам, ки соли дигар ба ин чарогоҳҳо омадан манъ мегардад.
— Агар ман гуноҳ дошта бошам, партия гуноҳи маро набахшад. Чунки вақти ба партия дохил шуданам, қавл дода будам, ки хиёнат намекунам, дурўғ намегўям, моли мардум ё ҳаққи кас намехўрам.
— Лекин ҳамааш шуд!
— Чӣ хел?
— Даста-даста шикоят, ки мудир Абдуҳамид моли Хоҷагиро моли худаш медонад.
— Ман ҳозир ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Шумори мол дар дасти шумо, шикоятҳо ҳам дар дасти шумо. Молро шумуред, кам ояд, ба сари ман занед.
— Зиёд ояд чӣ?
— Дар шикоятномаҳо гап дар бораи зиёдомад набудагист...
— Барибир... Дар назди партияи ҳалолкор каму зиёд – як чиз.
— Агар масъала ин хел бошад ва шумо камро аз зиёд фарқ накунеду партия дидаву дониста чунин касро ба сари мо фиристода бошад, ман ҳеҷ чиз намегўям.
— Рафиқони азиз, дар ин масъала партия гуноҳе надорад,
– ҳамчун корманди дастгоҳи кумитаи партиявии шаҳр, то ин вақт ҷуз мушоҳида коре надошт, бо сухан дахолат кард Гадобой.
Асли масъаларо дидан лозим...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё