Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҷазо мегирад магазинчӣ. Моли Хоҷагӣ сесад сар зиёд. Чӣ кардан даркор?
— Агар бисту панҷ сар моли Хоҷагиро ба панҷсад сар расонидан гуноҳ ё хиёнат бошад, ҳар коре, раво бошад, ҳамон корро кунед.
— Шумо шунидед, рафиқон? – гўё ҷавоби то ин вақт нигарон будаашро гирифт Нозим Тайиб.
— Мо шунидем, – ҳамроҳ шуд Гадобой. – Лекин ба дўсту ёру рафиқ дасти ёрӣ дароз кардан ё хизмат карданро партияи росткор чӣ гуна баҳо медода бошад?
— Ин масъаларо баъд ҳал мекунем, рафиқ Гадобой!
Парешон шуда рафтанд меҳмонон. Абдуҳамид ҳатто «хуш омадед» ҳам нагуфт. Зеро як кароҳате пайдо шуд дар дилаш нисбати чунинон. Сагҳо низ дар сари баландиҳо чукка зада менишастанд, ҳавсалаи ин тараф омадан накарданд. Саманд ду даст ба завлона пеш меҷаҳид. Дарозгўш бинӣ меафшонд.
Абдуҳамид дар ҷое нишаст, ки қариб ҳама ҷойи кушоди замин то хам хўрдани домони уфуқ метофт. Гамбусквор ҷунбида то роҳи калон баромада, сонӣ суръат гирифтани мошинҳои онҳо ҳам менамуд. Аммо ў ба ин чиз он қадар эътибор надод. Чунон сахт хаста гашта буд, ки тамоми умр коркўфта бошад ҳам, санг сўрох карда, аз хонаи дили Замин ганҷ рўёнида бошад ҳам ин қадар бемадор ва хаста нагаштааст. На аз он ки оташҳои қасдан ё аз рўйи беҳунариву нодонӣ афрўхтаи Нозим Тайибро бо азоби алим ва хавфу ҳарос, бо дасти бараҳна фурў нишонданд. На. Чунин нест. Зеро ў бо ҳамин дастони бараҳна бисёр корҳоро сомон дода, соҳиби эҳтиром ва обрўй гаштааст. На. Аз ин кори хайр, савоб, ки бояд кард, хаставу шалпар нагаштааст, балки аз муомила, нотавонбинӣ, нокасӣ ва буғзу кинаву ҳасуд, ки меҳмонони нохонда зоҳир карданд, ба чунин ҳол расид. Нозим Тайиб сиришти зишти хешро дар сериву гуруснагӣ ҳувайдо сохт. Мудири дастархондори меҳмоннавоз аз чунин муомила, муносибат ва нокасии ў, дастархон як сў, ҳамон чизе, ки хоси ҳама гуна рамаи гўсфанд аст
– айрон ҳам набаровард. Ҳол он ки дар зери ҳамон ҷулу ҷағири қўш шикамбаи айрон воқе буд. «Хуб нашуд. Ақаллан Гадобой як дўлча айрон нахўрд.»
Онҳо шикор ҳам карда натавонистанд, ки ба ҳазор умед омада буданд. Бояд мол мекуштанд. Дилу ҷигарашро бирён карда мехўрданд ва мондаашро пушти мошин андохта мебурданд. Шояд маънии шикори онҳо чунин буд. Аммо Абдуҳамиди некдили одамгариаш аз ҳама олиро раги гардан шах шуда буд. Ба вижа баъди чунин муносибатҳо: якбора чунин рух додани кору борро надониста, ба қадри худу ба кадри меҳнат ва он қадар вафодориву ҳастии хешро дар ин роҳ супурдану бисёр чизҳоро бохтан ва аз роҳату лаззати дунё сарфи назар карда бо чунин нобоварӣ, носипосӣ, рўйинатанӣ дучор омадан дасту дили ўро шуст аз ин олам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё