Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ана ин муаллим, рафта аз сардори ПМК пурсиданд, иҷозат шуд. Ин кас пул гузарониданд. Баъд ман омадам.
— Аввалаш, ин муаллим ҳоло ҳуҷҷати заминро нагирифтааст ва то ман ҳастам, намегирад ҳам. – дар тирагии ҳаво соҳиби корро надида, гуфт он кас ва дўғу дарангашро идома дод: – Аз ҳамин рўз иборат дигар ту ба ин кран намешинӣ! Ман соҳиби ин мулк бошам, намешинӣ. Ба муаллимат гўй, ки ҳамон Душанбеяшро обод кунад. Ин ҷо омада соҳиби мулк нагардад. Ҳоло ман – зинда!
Ин замон кранчӣ назди писари Қодир, ки ба ҳама суханони девонавор ва бемаъниву калонигаронаи каси дар паси пардаи тира тиратар тобанда бо диққат гўш дода, аз суханронӣ ва мантиқи он кӣ ва чӣ махлуқ будани ўро муайян карданӣ буд, ҳозир шуда, ангушт ба лаб ниҳод ва сар ҷунбонд, ки бо он нобакори ниҳоят одами бад кордор нашавад ва ба гапҳои девонавораш ҳам диққат надиҳад. Пасон кафид: «Минбаъд ин одам маро кор кардан намемонад. Дар тамоми район зарбашро гузаронидагӣ.
Калонҳои моро ҳам таги даст карда гирифтагӣ. Пеш сардори идораи «Народный контрол» буд. Аз он ҷо гирифтанд. Ҳоло, намедонам, дар куҷо кор мекунад. Ҳокими шаҳр шудааст магар, ки худро соҳибмулк мегўяд».
— Медонӣ, ман кӣ?
— Не! – ба ҷойи кранчӣ писари Қодир посух дод.
— Ман соҳиби ин мулк! Ҳаминро намедонӣ?
— Не!
— Кўрӣ, ки намешиносӣ?!
— Мо медонем, ки ҳоло ҳозир соҳиби мулк Исомиддин. Вале овози ту ба овози ў монанд не! Кадом як роҳгузарро мемонӣ!
— Чӣӣӣ? Роҳгузар? Ту худат кийӣ?
— Соҳиби ҳамин мулк!
— Ин мулк як соҳиб дорад. Ин манам! Олболуқул Ризоқулов!
«Ин ҳамон нест?» – сўйи Бобо гардан тофта пурсид писари Қодир.
«Ин ҳамон... Ҳамоне ки ҳама девонаву песу махавҳоро ҷамъ карда ба муқобили шумо лашкар кашида буд, ки ҳуҷҷатҳои заминаш қалбакӣ, бо роҳи қонунӣ ҳал карда, заминро кашида мегирад...»
Писари Қодир акнун шинохт ўро. Як заҳрханда кард ба таври худ, ки гуфтанӣ буд: «Бандаҳои бешуморатро гардам, Худоҷон!»
Аммо чизе нагуфта, равон шуд, то аз девор ҷаҳида гузашта бо ин «соҳиб» гуфтугўй кунад. Кранчӣ аз дасти ў дошта ба тавалло даромад, ки писари Қодир бо ў баробар нашавад: «Минбаъд на маро кор кардан мемонаду на шуморо бозор сохтан!»
— Натарс!

пешина
аз 378
навбатӣ