Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт писари Қодир ва девори сангиро ҷаҳида гузашта, назди мошини ў рафта, бе ягон сухан дасташро ба пушт тофт, сарашро даруни кабинаи мошинаш хам кард ва се зонукунда ба думбааш зад. Сонӣ баногўшӣ кард:
«Туро кӣ соҳиби ин мулк хонд? Дузд! Он ту нестӣ, ки бист милион рубли халқу давлатро обу лой кардӣ, боз роҳи оҳан носохта монд?»
«Соҳиби мулк» лом намегуфт. Танҳо бо ҳаракат гўё зорӣ дошт, ки дасташро раҳо кунад. Ў як зонукундаи дигар сарборӣ кард ва «Дигар пойи шумат ба ин ҷойҳо нарасад» гуфт.
Вақте ки ў боз деворро ҷаҳида назди коргарон омад, онҳо хандиданд. Ў ҳайрон монд.
— Ба гумонатон қаҳрамонӣ кардед? – хандида пештар омад Бобо.
— Чӣ хел қаҳрамонӣ?
— Ў ба ин чиз одат кардагӣ. Аз зонукундаи шумо он қадар қаноатманд нашуд.
— Нафаҳмидам...
— Қиссаи работи Чилдухтаронро нашунидаед?
— Гўшам ҳамин хел номҳоро шунида буд. Лекин аниқашро намедонам.
— Ин одам ҳар ҷо мегардад-дия. Боре ҳамон работи Чилдухтаронро ҳам хабар гирам, гуфта сар мехалонад. Қаровули Работ Мамад як пиёла чой мекунад ба меҳмон ва дар косае қаймоқи тоза меорад. Олболуқул вақти рафтан «бисёр қаймоқи бомазза будааст» мегўяд. Зани Мамад аз чунин таъриф шод гашта «гузаратон афтад, даромада қаймоқ хўрда рафтан гиред» мегўяд. Ин таклифи Ҷайҳун меҳмонро хуш омада, табассум мекунад ва дурусттар ба ў менигарад, ки як ҷавонзани ғуммачаи рухсораҳояш лоларанги қаймоқхўрро мемонад. Ва ў ҳам сўйи меҳмон табассум дорад.
— Албатта. Мо нону намакхўр шудем, – мегўяд ва меравад.
Сонӣ чандин бор қаймоқхўрӣ меояд. Ҳамин ки мошини ў дар атрофи Чилдухтарон пайдо шуд, одамон «контрол қаймоқхўрӣ омад» мегўянд. Ин қисса ба гўши хешони шўйи Ҷайҳун мерасад.
Мепоянд. Боре ў меояд. Хешон мебинанд, ки контрол ба оғил медарояд. Ҷайҳун аз дари дигар меравад. Хешон якбора ҳуҷум мекунанд. Контрол эзорашро набардошта, медоранд ва ўро шиша мезананд... Контлор базўр хаму рост шуда то назди мошин меояд ва илоҷе карда ба мошин нишаста, ронда меравад. Бисёр мехоҳад, ки хешони Ҷайҳунро ба суд кашад, аммо чӣ кор кардани онҳоро ба касе гуфта наметавонад.
— Ин одам ҳамин хел одам. Гўё чизе нашудааст. Ҳоло ҳам дўғу даранг дорад. Аз нангу номус фикр ҳам намекунад....

пешина
аз 378
навбатӣ