Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро кораш ба идора кашидани каси сар нафароварда, ё ҷаримаву андоз бор карда халқро ба шўр овардан аст. Як рагаш ба тоифаи сармуҳандис мекашад. Онҳо ҷамъияте ҳам доранд. Сарварашон Эгам.
Вале ҳоло чаро дар ин ҷо ҳозир шуд? Абдуҳамид намефаҳмад.
Хеле оҳиста меоянд. Чунон бо тамкину солорона, ки ободиву ояндаи ҳамин чўлу биёбон аз эшон вобаста бошад. Абдуҳамид дар шаъни бешаънии ин кас бисёр чизҳо медонад. Нанг, ор, номусро дар пешониаш бо ширеш часпонед ҳам, намеистад. Имрўз касеро бадбахтӣ меорад, фардо вонамуд мекунад, ки коре нашуда.
Кори аз ҳама гиро ва назаррасу таърихӣ ва қаҳрамонии бемислу монанди ў чунин буд:
Аз замони инқилоби Октябр то имрўз ба водии Зарафшон роҳи оҳан гузарониданианд. Аз Булунғур, аз Самарқанд, аз Ургут то Панҷакент. Нақшаи охирин тасдиқ шуда, вазорати молия бист милион рубл ҷудо кард. Сардори ин кор Олболуқул Ризоқуловро таъйин карданд. Ҳамин қадар маблағ обу лой шуд, аммо дар «роҳи оҳан» таксарӣ ё оҳанроҳае (релсе) гузошта нашуд. Сонӣ ин лўлиро аз новадони осиё сўйи чарх нишеб карданд, то ба чарх бархўрда пора-пора шавад, аз об хушк баромад...
Чунин чиз ҳам панд нашуд, чунки касе адаби ин беадабро надод. Балки тағое ё дастгираке пайдо кард, ки аз роҳи бад нагашта боз ҳамон шумӣ ва бадкориашро давом медиҳад: зўрро бинад, фасс мешавад; зорро бинад, савор мегардад.
Кори аз ҳама аҷибаш ба бозорсозии писари Қодир калонигарӣ кардани ў буд. Писари Қодир азоби мардуми деҳотро дида, як пора санглохи соҳили рўдро, ки воқе дар сероҳа буд, барои бозор сохтан ҳуҷҷат карда гирифт ва бо ҳазор азобу хориву зорӣ гирди онро иҳота карданӣ шуд. Баъзе тарафҳоро сангдевор кард, баъзе самтҳоро тахтадевор гирифт ва як тарафи дигар монда буд, ки бетондевор пайдо карда кашонда, шинонданӣ шуд. Крани борбардор оварда деворҳоро ҷо ба ҷо рост мекарданд. Баъди чандтахтабетонро гузошта бехи пояҳояшро санг кўфта мустаҳкам кардан боди тунде бархост, шайтўлот кард, ки на одамро дида мешуду на кранро. Ҳамин вақт ду чашми фурўзон пайдо шуда дар баландии роҳи калон истод ва касе аз мошин баромада садо баровард.
— Ўй, кранчӣ! Ба ту кӣ иҷозат дод, ки дар ин ҷо омада кор кунӣ? Канӣ, зуд фуро аз кабина!
Кранчиро дида намешуд, ки чӣ ҳол дорад. Соҳиби овозро низ шинохта намешуд. Зеро бод гирдбод дошт ва ҳама регу хоки роҳу замини коргарон истодаро ба ҳаво мебардошт. Танҳо ду чароғи хираи мошин метофт.
— Ба ту мегўм!

пешина
аз 378
навбатӣ