Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Оқибаташро худо бахайр гардонад. Номаълум-номаълум инони дунёдорӣ ба дасти чунин касон омада истодааст. Инҳо одамони дилпур ва умедбахш нестанд.
Гадобой гарчӣ корманди партияи коммунистӣ, ҷояш ояд, ба як пули пуччак ҳамаро мефурўшад. Ман ўро чандон хуб намешинохтам. Баъди ҳикояти писари Қодир шинохтам. Гўё аз марказ намояндагони аҳли адаб ба ин водӣ меоянд ва чанде ҳаваси тамошои Ҳафткўли Шингро мекунанд. Ҳукумат кўҳистон гуфта, як мошини газик ҷудо мекунад ва шаш нафар ба он савор шуда мераванд. Қад-қади рўди Муғ мераванд. Ба Дуобаи Шинг нарасида, дар соҳили рост чанд корманди барқ симҳои кандашударо пайваст карданӣ буданд. Нафаре дар нўги симчўб буд. Тасодуфро бинед, ки ҳамин лаҳза симчўби пўсида аз бунаш шикаста чаппа шуд ва он нафар ҳамроҳи симчўб баробар ба замини сахти санг зада ҷо ба ҷо ҷон дод. Адибон ронандаро «Дор-дор!» гуфтанд, то фаромада мадад кунанд. Аммо Гадобой «Надор-надор!» гуфта ронандаро тез кард. Дуртар рафта Бозор фармуд, ки мошинро дорад, ў мефарояд. Ҳамроҳи чунин касон сафар намекунад. Гадобой ўро ором карданӣ шуда гуфт:
«Шумо хафа нашавед, ба дил ҳам нагиред. Гумон накунед, ки мо кормандони партиявӣ дил надорем. Не, ин хел не! Фаромада ёрӣ кардан ё агар зинда бошад, ба ягон нуқтаи тиббӣ расонидан душвор нест. Лекин рафту мурад, баёнот додану даводав кардан ва «шумо ҳамон ҷо будед, чӣ хел шуд?» гуфта ҳар рўз ба милисаву суду прокурор кашола кардан безоратон мекунад ва ҳатто метавонад ба саратон бадбахтӣ орад.»
Ҳамин хел. Ҳоло чунин касон дар ташкилотҳои партиявӣ кор мекунанд. Аз ҳамкорони Ленину Сталин ном мондааст.
Лекин ана ин пастаки ҷўгимонанди сиёҳи чингиламўй Олболуқул дўзахро оташ мезанад. Зўрро ёбад, фасс мешавад, зорро ёбад, ба сараш савор мегардад. Ин фалокатбор ягон кор надоштагист.
1 Шояд чун одат, ҳақулло гуфта омада бошад. Зеро ҳар ҷо, ки равад, бояд чизе канад. Дар тамоми говхонаҳои колхозҳо як-ду гов дорад. (Аз ҳисоби колхозу корхонаҳо гирифта, дар ҳамон ҷо парвариш меёбанд.) Дар ҳар замин саҳм дорад. Гоҳи ҳосилғундорӣ бояд рафта ҳақулло гирад. Дар ҳама аррагоҳҳо танаи дарахтони азим хобидаанд, ки ба қолаб намегунҷанд ё ба арриданашон зўри дандонаҳо намерасад. Аз барги тамоку ҳам той мегирад. Аз шири фермаҳо маскаву чакка мерўёнад. Аз полез харбузаву аз ток ангур ва аз боғот мева. Дилбазан ҳамаро. Бинандаш, пинҳон мешаванд ё мегурезанд. Вале бо дўғу даранг ва аз ҳуқуқи худро надонистани
- Қозиву муфтӣ замоне аз хирман ҳақи ройгон мегирифтанд: ҳақ ба роҳи
Худо мардуми коргар онҳоро тарсонида гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё