Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Намоянда ҳарфи сарчўпонро ба таври хеш маънидод карда, нам кашид ва ба хаёл рафт. Гумонаш, ў дониста ва ё надониста, таъна мезанад, ки зани намоянда ҳам ду шикам дугонагӣ зоида буд. Ў худро аз хиҷолат баровардан хоста ва ба сарчўпон зарба заданӣ шуда фармуд:
— Гап қўшқор-ба.
— Бале, дагар зўр бошад, меш сегонагӣ ҳам мезояд. – аз нияти намоянда бехабар гуфт Найим ва барои тақвияти фикраш афзуд:
– Пеш аз он ки дагарҳоро ба мол ҳамроҳ кунанд, се моҳ аз мол ҷудо карда алоҳида парво мекунанд, то биниаш бўй гирифтан.
— Ту бачча, дар касби худ олим барин... Баччаи, ана вай, гўспанди ҳисорира пайванд кардагӣ нестӣ... Номаш чӣ буд?
— Дадем медонанд... Дада! – фарёд зад якбора кўдакона.
Падар якрўя гашта нигарист, ки писараш ҳамроҳи намоянда, баргашта рў гардонд ва ҳарфашро гўш кардан ҳам нахост. Бо вуҷуди он писар пурсид:
— Дада, номи мардаки гўсфанди ҳисориро дурага кардагӣ чӣ буд?
— Ғулом!
— Ман ҳам медонам – Ғулом-ака. – доноиашро собит карданӣ шуд мардак.


Сўҳбати онҳо хотима наёфта ва ягон натиҷа набахшида, мошине дигар омад. Дар паҳлўи мошини намоянда қарор гирифт ва се нафар аз дарунаш баромада, бо пайроҳаи аз омадшуди чўпонҳо ва мемҳмонони хондаву нохонда нав шакл гирифта ҷониби қўш омаданд. Онҳо, ки андаке фароз мерафтанд, истода-истода ва ба таври худ, ҳам дам гирифтаву ҳам тамошо карда; гоҳ ба рамаи парешони адиру ёлаҳо, гоҳ ба Абдуҳамиди зоғвор сари қўш танҳо нишаста ва оне ба Нозим Тайиби бо ронанда дуртар сукут варзида зеҳн монда, як намуди мурда ва сокиту хамўш гирифтаи чарогоҳи ориятиро пай бурда ҳайрон монданд. Онҳо нав орому хомўш шуданд. Вагарна баъди сари мол рафтани Найим Нозим Тайиб дастак зада ба ронандааш баланд-баланд мегуфт: «Ҳоло ман ба чашмашон нишон медиҳам! Инҳо бо собуни ман ҷомашўйӣ накардаанд. Хаёл мекунанд, ки ман ҳамон Нозими ҳамроҳашон шишта ба як пиёла чойи бўйин қаноат мекардагӣ. Хобатона ба об гўед...»
Абдуҳамид мошини ношиносро ва ояндагонро диду донист, ки одамони ў нестанд. «Яке ронанда. Харобакаш Гадобойи корманди партиявӣ. Қадпастакаш Олболуқул Ризоқулов. Ўҳ! Ин бебало намеояд. Ин каргас хоб дида, ки дар ин ҷо гўсфанд мекушанд.
Лекин... лекин... лекин... Намедонам. Назорати халқӣ. Аз ў эҳтиёт бояд шуд.

пешина
аз 378
навбатӣ