Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ў омад. Чобаро рўйи хасҳо гузошта, салом дод.
— Шумо ким, ошно?
— Найим.
— Донистам, Найим. Чӣ кор мекунӣ?
— Чўпонӣ.
— Донистам, чўпонӣ. Дар мол нестӣ-ку?
— Ба навбат. Ман имрўз молро аз ў қабул мекунам, пагоҳ вай дамгирӣ меравад.
— Ту сарчўпон ё чўпони калон ё ҳамту чўпон?
— Ҳамааш. Чӣ буд?
— Зўр-ку? Ҳамааш дар ихтиёри худам гўй.
— Ба шумо кадомаш маъқул?
— Ман-ба барибир.
— Нафаҳмидам.
— Ҳоло мефаҳмӣ, ошно... Лекин ман ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Ин мол моли Хоҷагии ёрирасон ё моли ягон колхоз?
— Моли Хоҷагии ёрирасон...
Кўтоҳ посух дод Найим ва сўйи падар нигарист, ки тахтапушт бар онҳо нишаста. Вагарна намегузошт ў бо муфаттиши нохонда сўҳбат кунад. Валек ў аз Найим чизеро донистан мехост.
— Ин мол мўл-ку?
Найим ба пурси ў посух надода, фикру зикраш ба падар банд буд; тахмин, бо ин одам чӣ гуфтугўе шуд, ки ранҷида рафт ва пушт гардонда нишастанаш низ аз ин бойис аст.
— А, ошно! Ин мол мўл метобад. Маълумот ҳаст, ки шумо
– сарчўпон ҳама молро фурўхта хўрдаед. Лекин мол аз саршумораш ҳам мўл.
— Шумо ин чизро аз ман напурсед. Аз касе пурсед, ки ин чизро ба шумо расондааст ва шумори моли Хоҷагиро медонад.
Донистаи ман ҳамин, ки вақти аз дасти ошнои шумо – Саримсоқ гирифтанамон бисту панҷ сар бузғолаву барра буд. Баъд аз бозор мол харида ба панҷоҳ расонидем. Ва то имрўз як рама мол шуд.
Ин бад аст, раис?
— Ман ту-ба раис эмас. Ман Нозим Тайиб ман. Ҳаматон як хел гап мезанед, маслиҳат кардагӣ...
— Медонистагиамон ва кори шуда чунин.
— Ман гуфтанӣ, ки як муддати кўтоҳ-да иқа зиёд шудааст.
Молотона камбуд гуфта, навиштанд, мол мўл.
— Дуруст мегўед, раис...
— Ман раис-пайис эмас ман. Ман Нозим Тайиб ман!
— Дуруст. Мо ҳам аз як падару модар, худоро шукр, даҳ-дувоздаҳ нафар. Ҳукумат барои ин номи бошарафи «Қаҳрамонмодар»
баровардааст. Шумо мегўед, ки чаро кам гуфта навиштаанду мол зиёд. Меш ҳам зан барин баъзан дугонагӣ мезояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё