Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ шайтонӣ шуд, ки якбора ба ошнои деринааш овоз баланд кард. «Хайр, гирад! Ин молу ин кор аз сари чандин касон мемонад. Ман набошам ҳам, як каси дигар ин корро ба ҷо меорад... Барои ин сурху сафед шудан ва баддидаро душмани халқ хондан ё бо дасти дигаре дасиса сохтан чӣ аҷобате дорад?
Ё аз чунин корҳо лаззат мебаранд? Душман дигару қотил дигар кас мешудааст. Пулдору вазифадор қотилро киро мекунад. Ёру ошнои нобакор ғаммозу дасисабоз ва бадкирдоронро мефармояд, ки обро лой гардонанд, то вай моҳии тилло ба даст орад...»
Абдуҳамид пушт гардонида нишаст ба ў. Дур бошад ҳам, ҳамин
1 хел нишаст, ки на афту андоми лўлиёнаашро бинад, на ба Пуха хеле ва хеле монанд будани ўро бори дигар ёд наорад. Зеро баъди ба шикам вобаста будани муомилаву дўстии ўро донистан, дигар бо вай гуфтугўй намекунад. Абдуҳамид яқин кард, ки сухан рондан суде набахшад; ў фармудаи каси дигарро ба ҷо меорад. Аммо намедонад, ки ў кист. Чунин кор бо хоҳиши ду нафар мешавад, айни ҳол ё бо фармуди котиб ё ба хоҳиши раиси ҷойи кор. Агар аз органҳои сиёсӣ бошад, ҳамааш рафта ба котиб бармехўрад.
Рама дуртар дар сою сойчаҳо мечарад. Нозим Тайиб аз мадди назар дур намекунад ва рафтори шубонро назорат дорад, ки як «бўлак» молро ҷудо карда ба тарафе меронад ё на. Ин чизро вай хеле чашмдор аст, аз ин рў барои молро пеш овардан ё наовардан чизе намегўяд. Ронандаашро, ки ҳамроҳи сарчўпон дар гирди ҳавзаи сўхта мегаштанду ҳатто ҳамсўҳбат ҳам намешуданд, ба наздаш хонд.
— Ту чува ба куштани алов қатӣ шудӣ?
— Ба ҷойи шумо хизмат кардам.
— Ба ҷойи ман ҳеҷ гоҳ кор накун, ман худама худам саришта мекунам. Нарас буд, мон, сўзад буд.
— Ман надонистам, хўҷаин.
— Минбаъд дониста кор кун... Ў чӣ мегўяд?
— Кӣ?
— Ана ун, – ба ишораи сар касеро, ки ҳоло ҳам чоба дар даст медошт, фаҳмонд. – Кӣ вай?
— Сарчўпон будааст. Чизе нагуфтааст.
— Илтимос – пилтимос?
— Не.
— Ваъда ҳам не?
— Не. Аз афташ, чизе намедонад.
— Чақир!

  1. Сагчаи худи ўст, майдаяки пастакаки ғуммачаро аз тарафҳои Ғарб овардааст Ба забони худашон фармуд ва ронанда сарчўпонро ҷеғ зад.
пешина
аз 378
навбатӣ