Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гўё ки ҳеҷ нону намаки маро нахўрда бошад, ба чой даъват кунам, «ишкамам сер» мегўяд». Айнан ҳамон бехиради чорчашм барин, ки «биё ба фотиҳа равем» гўянд, «ман
– сер» гуфтааст. Не-не, ягон бало ҳаст. Вагарна ин як одаме, ки аз мўрие дуд барояд, биё, равем, гўйӣ, мерафт. Хайр фарз кардем, ки ман гунаҳгор. Панҷоҳ сар гўсфандро ба панҷсад сар расонидам.
Барои ин маро душмани халқ эълон мекунанд ё ҳукми паррон медиҳанд? Албатта ин хел набудагист. Лекин гуноҳи як пиёла чой чист? Ман як пиёла чой хўру гуноҳи маро сабук бикун ё чунин бикун, ки ман бегуноҳ бароям, нагуфтаам. Ҳолӣ ман намедонам, ки кор чист. Зеро «нависандаҳо» моли Хоҷагиро «нобуд» кард гуфтаанд. Вале кори ман баракс. Аз Саримсоқи ҷўраи ин одам бисту панҷ сар барра ва бузғола қабул карда будам. Боз бисту панҷ сар аз бозор харидем, панҷоҳ сар шуд. Ҳозир рама дар чарогоҳ чарад, чашми касро мебарад. Албатта рашки ҳар кас меояд.
«Мешудааст-ку! Чаро ман ҳамин хел накардам?» Ё «ман ҳам ин корро карда метавонам» гуфта ҳасад мебаранд. Душмандорӣ аз ҳамин чизҳо сар мешавад. Надошта бошӣ, намедиҳанд; дошта бошӣ, дида наметавонанд... Баъд киш-кишу ангезҳо сар мешаванд, зоғсорҳо, бемағзҳо қаҳрамони даврон гашта, мепарранд. Пару бол бароварда, каргасосо ба сари лошаҳо давр мегарданд, ки аз дасти мо ҳам лошахорӣ меояд. Пасон нигоҳ карда меистанд, ки кай шер медарронаду рўбоҳу кафтору лошахўрон ва зоғҳои тарсу пасмондаҳоро мехўранд. Шояд ин ҳам тамаъе дошта бошад. Ё касе чизе ваъда дода бошад?»
— Шикаматон сер бошад ҳам, як пиёла чой меравад.
— Раҳмат, ошно. Ман чойи туя бисёр хўрдагӣ.
— Як бори дигар хўред, зарар надорад.
— Корҳо яктарафа шавад.
— Ҳааа... Фаҳмидам, ошно. Гап дар серӣ ё носерӣ нест. Гап дар он, ки шумо нигаронед, кай маро гўшмол медиҳанд.
— Ман ба ту ҳисобот намедиҳам, ошно!
— Ман шуморо ҳисобот диҳед, нагуфтаам, «чой хўред» гуфтам.
Ин одати мо тоҷикон. Душманро ҳам ба чой таклиф мекунем.
— Аллакай ман душман шудам?
— Ин мақол, мисол... Ман шуморо «кори маро дуруст бикун»
гуфта, ба чой нахондаам. Одоб, одамгарӣ.
«Одамгарӣ...одамгарӣ...одамгарӣ...» баробари ҳар қадам гузошта сари қўш равон шуданаш аз талу теппаҳо ин ҳарф акси садо медоданд ва ў гирифтори таҳлили сурату сирати инсон сар ҷунбонда-сар ҷунбонда то сари қўш омад. Ҳама муддат чакмани дар оташнишонӣ хизматкардаву аз дуду хокистар сип-сиёҳ гаштаро кашолакунон мебурд ва ҳоло дуртар аз қўш афканд, шояд боз рўзе ба кор ояд. Гирифтор ва андешаманд буд ва худашро нафрин ҳам мекард, ки тамоми умр ҳамин қадар сухан нагуфтааст ва киноя ҳам назадааст.

пешина
аз 378
навбатӣ