Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷўрабозиву ошнобозиро партия хуб омўхтааст. Барои ҳамин ба мурдаи тоҷик тоҷикро намефиристад. Дар шодмониаш ҳам. Зеро он ошно ҳеҷ гоҳ сухани ҳақро намегўяд. Албатта сиёҳро сафед нишон медиҳад. Мақсади партия ва ҳукуматӣ Советӣ чунин аст, ки фиристода сиёҳро сиёҳ гўяд, сапедро – сапед...» Агар дуди сигарет ба чашмаш намезад, андешааш тўлонӣ буд. Шояд дар ин бораҳо боз андеша ронад. Аммо аз дер хомўш монданаш Абдуҳамид ягон хаёл накунад, гуфта, баъди ин қадар андешаи тўлонӣ кўтоҳак фармуд:
— Ин чизакҳо ман-ба барибир...
— Медонам. Ман шуморо бисёр хуб мешиносам: олам сўзад ҳам ба шумо фарқе надорад.
— Ҳеҷ...
— Медонам. Бори дигар гуфтанатон шарт нест. Мақолатон дар ёдам ҳаст: «Такка бусаву сут берса».
— Ин мақоли Саримсоқ. Ба ман начаспон, ошно...
— Ман аз забони шумо шунидам.
— Ман аз Саримсоқ ёд гирифтам.
— Вай одами доно. Як чизҳо медонад, ки Афлотун намедонист.
— Кадом Аплотун?
— Шумо ўро намешиносед. Ў ману шуморо бинад, мегурезад.
— Чӣ-ба?
— Метарсад..
— Шумо чӣ мехоҳед?
— Мехоҳам, ки сари қўш равем, як пиёла чойи чўпонӣ гиред.
— Чойи чўпонӣ чӣ хел?
— Аз пўстлохи хорча.
— Не, ошно. Мана ишкамам сер.
Абдуҳамиди камсухан баъди чунин ҳарф, кафида, он қадар сухан гуфтанӣ буд, ки дар ягон китоб нагунҷад. Вале он ҳамаро дар зеҳнаш бо як калима ҷамъбаст кард: « Кўрнамак«. Барои он чунин аз дил гузаронд, ки онҳо шиноси яксолаву дусола нестанд.
Ошноиашон даҳсолаҳо дорад. Якдигарро хуб мешиносанд, ки кадоме кист? Вале сабаби ба ў часпидани сармуҳандисро намефаҳмад, ки намефаҳмад. Вай медонад, ки ба ҷояш сармуҳандис шуданӣ нест. Зеро Абдуҳамид билкул ба корҳои хоҷагӣ гузаштааст. Шояд як навъ кинаву қасос бошад, ки ба ҷойи дўсташ Саримсоқ ўро мудири Хоҷагии ёрирасон гузоштанд. «Не. Инҳо сабаб шуда наметавонанд. Ягона чиз чунон ки худаш рўшод кард, «қаҳрамонист». Сода набошӣ, аллакай ман Қаҳрамон шудаму ту мондӣ? Ин чизҳо баҳона. Шамол набошад, барги дарахт намеҷунбад. Шояд кор аз болоҳо кевида бошад. Ва ман беҳуда аз ин кас гумонбар мешавам.

пешина
аз 378
навбатӣ